Яке ғарқу дигареро сел бурд: ҳалокати ду ноболиғ аз беэҳтиётӣ дар Тоҷикистон

© Foto / КЧС ТаджикистанаПоследствия сильных осадков в Согдийской области
Последствия сильных осадков в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2024
Обуна шудан
КҲФ бори дигар ба волидон муроҷиат карда, онҳоро даъват мекунад, ки ҳарчи бештар ҳушёр бошанд ва ҷони фарзандони худро зери хатар нагузоранд
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми рӯзҳои истироҳатӣ ду кӯдаки ноболиғ бар асари ҳаводиси нохуш фавтидаанд.
КҲФ дар марги кӯдакон волидайнро айбдор медонад, ки беэҳтиётӣ зоҳир кардаанд.
Ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 25-уми майи, тахминан соати 11:30, сокини 12-солаи деҳаи Қизилсуи ҷамоати деҳоти Ғалабаи ноҳияи Фархор зери сел монду ҳалок шуд.
Гуфта мешавад, ки ин духтарча дар чаронидани чорво дар кӯҳистон ба падараш кумак мекард.
"Ҷасади ӯро аз сел дар деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Шамсиддин Шоҳин пайдо кардаанд",- афзудааст манбаъ.
Ҳамчунин санаи 26 май духтарчаи 6-сола, ки бо волидонаш ҳангоми меҳмонӣ дар деҳаи А.Муродов, ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра назар қарор дошт, ба дарёи Кофарниҳон сарозер ва ҳалок шудааст.
Гуфта мешавад, ки ӯ низ аз беназоратии волидон дучори чунин ҳодисаи нохуш шуд.
Последствия сильных осадков в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2024
Дар Нуробод 77 хона аз сел зарар дид
Пас аз дарёфти хабари нигаронкунанда як гурӯҳи наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, корҳои рӯизаминӣ ва зериобӣ оғоз шуданд. То охири рӯз кор натиҷае набахшид. Субҳи имрӯз 27 май корҳои ҷустуҷӯӣ аз сар гирифта шуданд.
Дар робита ба ин, Кумита бо изҳори ҳамдардии самимӣ ба аҳли оила ва наздикон бори дигар ба падару модарон муроҷиат намуда, онҳоро даъват менамояд, ки нисбати фарзандони худ ғамхорӣ намуда, онҳоро беназорат нагузоранд ва ҷони онҳоро зери хатар нагузоранд!
Лентаи хабарҳо
0