https://sputnik.tj/20240612/tojikiston-arabistoni-saudi-mahsulot-kishovarzi-sodirot-1063195814.html
Тоҷикистон тасмим дорад ба Арабистони Саудӣ маҳсулоти кишоварзӣ содирот намояд
Тоҷикистон тасмим дорад ба Арабистони Саудӣ маҳсулоти кишоварзӣ содирот намояд
Sputnik Тоҷикистон
Роҳандозии хатсайрҳои мустақим байни шаҳрҳои ду кишвар омили муассир дар рушд ва таҳкими робитаҳо, аз ҷумла дар соҳаи сайёҳӣ ва тиҷорат мебошад.
2024-06-12T20:59+0500
2024-06-12T20:59+0500
2024-06-12T20:59+0500
дар тоҷикистон
содирот
арабистони саудӣ
кишоварзӣ
ҳамкорӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1a/1057922174_0:322:3067:2047_1920x0_80_0_0_c789ae8e600f14cc2de6ddbb9c1cd8f3.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ният дорад ба Арабистони Саудӣ маҳсулоти кишоварзӣ содирот намояд.Ин масъала дар мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Арабистони Саудӣ Абдулраҳмон Ал-Фадлӣ баррасӣ шуд.Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, ҷонибҳо роҷеъ ба ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар мулоқоти судманд анҷом доданд.Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба об, иқлим, муҳити зист, татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои фоидаовар, аз қабили кишоварзӣ ва саноат, бахусус саноати сабуку хӯрокворӣ баррасӣ шуданд."Мо дар марҳалаи ҳассоси ҳалли масъалаҳои буҳрони вобаста ба об қарор дорем. Аз ин лиҳоз, мо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таваҷҷуҳи зиёдро барои ҳалли он равона намудаанд ва ин масъаларо ба сатҳи нав баровардаанд, ташаккур мегӯем", — таъкид намуд Абдурраҳмон Ал-Фазлӣ.Вай афзуд, ки таҳти сарпарастии Валиаҳд, Муовини Раиси Шурои Вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд дар Арабистони Саудӣ Созмони ҷаҳонии об таъсид дода шудааст.Дар мулоқот ҳамчунин гуфта шуд, ки ифтитоҳи хатсайрҳои мустақим миёни шаҳрҳои ду кишвар омили рушд ва таҳкими равобити дуҷониба, аз ҷумла дар заминаи гардишгарӣ ва афзоиши тиҷорат мебошад.Ёдовар мешавем, дар шаҳри Душанбе сеюмин Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" ҷараён дорад.Чорабинӣ дар чаҳорчӯби барномаи "Раванди оби Душанбе" то 13 июн идома хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20240612/tojikiston-arabiston-saudi-buhron-ob-hamkorii-1063189216.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1a/1057922174_107:0:2836:2047_1920x0_80_0_0_f17ec6598e180a9b647968dcd0d26a76.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, арабистони саудӣ, кишоварзӣ, содирот, маҳсулот, робита, сайёҳӣ
тоҷикистон, арабистони саудӣ, кишоварзӣ, содирот, маҳсулот, робита, сайёҳӣ
Тоҷикистон тасмим дорад ба Арабистони Саудӣ маҳсулоти кишоварзӣ содирот намояд
Роҳандозии хатсайрҳои мустақим байни шаҳрҳои ду кишвар омили муассир дар рушд ва таҳкими робитаҳо, аз ҷумла дар соҳаи сайёҳӣ ва тиҷорат мебошад.
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ният дорад ба Арабистони Саудӣ маҳсулоти кишоварзӣ содирот намояд.
Ин масъала дар мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Арабистони Саудӣ Абдулраҳмон Ал-Фадлӣ баррасӣ шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, ҷонибҳо роҷеъ ба ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар мулоқоти судманд анҷом доданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба об, иқлим, муҳити зист, татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои фоидаовар, аз қабили кишоварзӣ ва саноат, бахусус саноати сабуку хӯрокворӣ баррасӣ шуданд.
"Мо дар марҳалаи ҳассоси ҳалли масъалаҳои буҳрони вобаста ба об қарор дорем. Аз ин лиҳоз, мо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таваҷҷуҳи зиёдро барои ҳалли он равона намудаанд ва ин масъаларо ба сатҳи нав баровардаанд, ташаккур мегӯем", — таъкид намуд Абдурраҳмон Ал-Фазлӣ.
Вай афзуд, ки таҳти сарпарастии Валиаҳд, Муовини Раиси Шурои Вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд дар Арабистони Саудӣ Созмони ҷаҳонии об таъсид дода шудааст.
Дар мулоқот ҳамчунин гуфта шуд, ки ифтитоҳи хатсайрҳои мустақим миёни шаҳрҳои ду кишвар омили рушд ва таҳкими равобити дуҷониба, аз ҷумла дар заминаи гардишгарӣ ва афзоиши тиҷорат мебошад.
Ёдовар мешавем, дар шаҳри Душанбе сеюмин Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" ҷараён дорад.
Чорабинӣ дар чаҳорчӯби барномаи "Раванди оби Душанбе" то 13 июн идома хоҳад кард.