https://sputnik.tj/20240612/tojikiston-arabiston-saudi-buhron-ob-hamkorii-1063189216.html
Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар ҳалли масоили буҳрони вобаста ба об ҳамкории хоҳанд кард
Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар ҳалли масоили буҳрони вобаста ба об ҳамкории хоҳанд кард
Sputnik Тоҷикистон
Арабистони Саудӣ умедвори ҳамкории густурда ва судманд бо Тоҷикистон дар дар ҳалли масоили буҳрони вобаста ба об мебошад.
2024-06-12T10:19+0500
2024-06-12T10:19+0500
2024-06-12T10:19+0500
дар тоҷикистон
арабистони саудӣ
ҳамкорӣ
об
равобит
сиёсат
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/0c/1063189051_0:149:1159:801_1920x0_80_0_0_41ea7270fe426934dca152b07cd86b3f.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Фазлӣ масъалаҳои вобаста ба обу иқлимро баррасӣ кард.Баъд аз мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ гуфт, ки кишвараш ҳамроҳ бо Тоҷикистон дар ҳалли масоили буҳрони вобаста ба об ҳамкории густурдаро роҳандозӣ хоҳад кард.Ба иттилои оқои Абдурраҳмон Ал-Фазлӣ дар вохӯри ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба обу иқлим, ки дар меҳвари рӯзномаи ҷаҳонӣ қарор доранд, баррасӣ шудаанд.“Мо дар марҳалаи ҳассоси ҳалли масъалаҳои буҳрони вобаста ба об қарор дорем. Аз ин лиҳоз, мо ба Президенти Тоҷикистон, ки таваҷҷуҳи зиёдро барои ҳалли он равона намудаанд ва ин масъаларо ба сатҳи нав баровардаанд, ташаккур мегӯем”, - гуфт ӯ.Вай илова кард, ки таҳти сарпарастии Валиаҳд, Муовини Раиси Шурои Вазирони Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд дар Арабистони Саудӣ Созмони ҷаҳонии об таъсид дода шудааст.Таъкид гардид, ки дар мулоқот ба вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ супориш дода шуд, ки ин масъаларо баррасӣ намоянд.Ахиран дар шаҳри Риёз вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини Вазири сармоягузории ин кишвар дар умури робитаҳои байналмилалӣ хонум Сара Ас-Сайид баргузор гардид.Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла омодагии ҷонибҳо ба даври навбатии ҷаласаи Комиссия муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистон роҷеъ ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуданд.Ёдовар мешавем, ки вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Фазлӣ барои иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" ба Тоҷикистон ташриф овардааст.
https://sputnik.tj/20240611/ob-tochikiston-tamom-zakhoir-jumhuri-oyanda-1063171343.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/0c/1063189051_98:100:1102:853_1920x0_80_0_0_4b36f1c3655b578475989f7c187a81d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, арабистони саудӣ, ҳамкорӣ, об, камбуд, эмомалӣ раҳмон, равобит, густарда
тоҷикистон, арабистони саудӣ, ҳамкорӣ, об, камбуд, эмомалӣ раҳмон, равобит, густарда
Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар ҳалли масоили буҳрони вобаста ба об ҳамкории хоҳанд кард
Арабистони Саудӣ умедвори ҳамкории густурда ва судманд бо Тоҷикистон дар дар ҳалли масоили буҳрони вобаста ба об мебошад.
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Фазлӣ масъалаҳои вобаста ба обу иқлимро баррасӣ кард.
Баъд аз мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ гуфт, ки кишвараш ҳамроҳ бо Тоҷикистон дар ҳалли масоили буҳрони вобаста ба об ҳамкории густурдаро роҳандозӣ хоҳад кард.
Ба иттилои оқои Абдурраҳмон Ал-Фазлӣ дар вохӯри ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба обу иқлим, ки дар меҳвари рӯзномаи ҷаҳонӣ қарор доранд, баррасӣ шудаанд.
“Мо дар марҳалаи ҳассоси ҳалли масъалаҳои буҳрони вобаста ба об қарор дорем. Аз ин лиҳоз, мо ба Президенти Тоҷикистон, ки таваҷҷуҳи зиёдро барои ҳалли он равона намудаанд ва ин масъаларо ба сатҳи нав баровардаанд, ташаккур мегӯем”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки таҳти сарпарастии Валиаҳд, Муовини Раиси Шурои Вазирони Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд дар Арабистони Саудӣ Созмони ҷаҳонии об таъсид дода шудааст.
“Ҷониби Арабистони Саудӣ дар ин самт умедвори ҳамкории густурда ва судманд бо Тоҷикистон мебошад”, — гуфт ӯ.
Таъкид гардид, ки дар мулоқот ба вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ супориш дода шуд, ки ин масъаларо баррасӣ намоянд.
Ахиран дар шаҳри Риёз вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини Вазири сармоягузории ин кишвар дар умури робитаҳои байналмилалӣ хонум Сара Ас-Сайид баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла омодагии ҷонибҳо ба даври навбатии ҷаласаи Комиссия муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистон роҷеъ ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Фазлӣ барои иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" ба Тоҷикистон ташриф овардааст.