Ғарқшавии 21 ноболиғ дар 5 моҳ дар Хатлон

© Sputnik / Александр Пирагис / Гузариш ба медиабонкУчения спасательного отряда в водоеме, архивное фото
Учения спасательного отряда в водоеме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2024
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Хатлон хабар додааст, ки дар давоми панҷ моҳи соли равон дар куллу дарёҳои вилоят 21 ноболиғ ғарқ шудааст.
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Тибқи маълумоти мақомоти вилояти Хатлон, аз 21 ноболиғи ғарқшуда 11 нафарашон хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва 10 нафарашон хурдсолони синни томактабӣ мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 июн дар саросари кишвар расман мавсими оббозӣ оғоз шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандон пайваста таъкид мекунанд, ки дар соҳили обҳо ва ҳангоми шиноварӣ қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.
Дар зимн ин ниҳод қоидаҳои рафторро дар об ва назди обанборҳо хотиррасон намуд.
Наҷотдиҳандагон аз сокинон хостаанд, ки дар назди дарёҳо, каналҳо ва ҳавзҳои шиноварӣ ба қоидаҳои бехатарӣ риоя кунанд, чун беэҳтиётӣ метавонад ба оқибатҳои вазнин оварда расонад.
Летний отдых в санаториях Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2024
Маслиҳатҳо барои наҷот аз ғарқшавӣ дар Тоҷикистон - тасвирбаён
Ин Кумита гуфт, ки бидуни назорати калонсолон дар наздикии об мондани кӯдакон махсусан хатарнок аст.
Маслиҳат дода шудаст, ки танҳо дар ҷойҳои махсус ҷудошуда, дар соҳилҳои муҷаҳҳаз шино кунед, ки дар он ҷо дар ҳолати садама наҷотдиҳандагон ба шумо зуд кӯмак карда метавонанд.
Дар ҷойҳои ношинос, аз баландиҳо ва дигар иншоотхое, ки ба ин мақсадҳо мувофиқ нашудаанд, ба об чаҳидан хавфнок аст, ҳушдор додаст КҲФ. Инчунин зикр шудаст, ки шиноварии дуру дароз, дар об мондани дуру дароз - ин маънои гипотермия, хастагии мушакҳо, рагкашӣ ва маргро дорад.
Лентаи хабарҳо
0