https://sputnik.tj/20240531/belousov-afghoniston-omodagi-jangii-nizomiyon-rusiya-tojikiston-1063048618.html
Белоусов: Вазъи Афғонистон омодагии ҷангии низомиёни Русия ва Тоҷикистонро тақозо мекунад
Белоусов: Вазъи Афғонистон омодагии ҷангии низомиёни Русия ва Тоҷикистонро тақозо мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири мудофиаи тозатаъйини Русия дар доираи ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ бо ҳамтои тоҷикаш музокирот дошт
2024-05-31T17:15+0500
2024-05-31T17:15+0500
2024-05-31T17:16+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
русия
ҳамкорӣ
саад
мулоқот
пойгоҳи 201
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1f/1063045391_0:0:2898:1631_1920x0_80_0_0_436e5b1859ac65c4601d9b5e06b73c3c.jpg
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Вазъ дар марзҳои ҷанубии минтақаи масъулияти СААД, равандҳо дар Афғонистон ҳамоҳангӣ ва омодагии ҷангии низомиёни Русия ва Тоҷикистон дар ин минтақаро тақозо мекунад. Ин нуктаро вазири мудофиаи Русия, Андрей Белоусов дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш, Шералӣ Мирзо баён дошт, ки дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар Алмато музокирот доштанд. Ӯ афзуд, ки вазъиятро зери назорат доранду тарзи вокунишро мефаҳманд, аммо бо вуҷуд таваҷҷуҳ ва ҳамоҳангии бештар дар ин бахш зарур аст. "Ин ҳама таваҷҷӯҳи бештари моро талаб мекунад, ки ҳамоҳангӣ ва омодагии ҷангиро баланд бардорем", - гуфт вазир. Вазири Русия зикр намуд, ки миёни мақомоти низомии ду кишвар ҳамкории мунтазами дуҷониба вуҷуд дорад ва аз пойгоҳи ҳарбии 201-ум ва маҷмааи кайҳонии "Окно"-ро зикр намуд. Шералӣ Мирзо дар навбати худ изҳор дошт, ки Русия барои Тоҷикистон шарики боэътимоди стратегӣ буд ва боқӣ мемонад. Вай ҳамкориҳои Маскаву Душанбе дар арсаи низомиро омили муҳими ҳифзи субот дар Осиёи Марказӣ хонду аз истиқрори пойгоҳи низомии 201-ум зикр кард, ки бузургтарин иншооти низомии Русия дар берун аз қаламрави он мебошад.
https://sputnik.tj/20240531/saad-qahramon-video-vatan-1063041675.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1f/1063045391_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_3818d936623ed8a1a07d73277ee20445.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамкорӣ, низомӣ, бахш, тоҷик, ҳамто, шералӣ мирзо, андрей белоусов
ҳамкорӣ, низомӣ, бахш, тоҷик, ҳамто, шералӣ мирзо, андрей белоусов
Белоусов: Вазъи Афғонистон омодагии ҷангии низомиёни Русия ва Тоҷикистонро тақозо мекунад
17:15 31.05.2024 (Навсозишуда: 17:16 31.05.2024) Вазири мудофиаи тозатаъйини Русия дар доираи ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ бо ҳамтои тоҷикаш музокирот дошт
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Вазъ дар марзҳои ҷанубии минтақаи масъулияти СААД, равандҳо дар Афғонистон ҳамоҳангӣ ва омодагии ҷангии низомиёни Русия ва Тоҷикистон дар ин минтақаро тақозо мекунад.
Ин нуктаро вазири мудофиаи Русия, Андрей Белоусов дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш, Шералӣ Мирзо баён дошт, ки дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар Алмато музокирот доштанд.
"Ҳоло дар сафи пеш қарор дорем, вазъ дар сарҳадҳои ҷанубии минтақаи СААД хеле вазнин боқӣ мемонад, илова бар ин, вазъият ва равандҳое, ки дар Афғонистон ҷараён доранд, шиддат мегиранд", - гуфт Белоусов.
Ӯ афзуд, ки вазъиятро зери назорат доранду тарзи вокунишро мефаҳманд, аммо бо вуҷуд таваҷҷуҳ ва ҳамоҳангии бештар дар ин бахш зарур аст.
"Ин ҳама таваҷҷӯҳи бештари моро талаб мекунад, ки ҳамоҳангӣ ва омодагии ҷангиро баланд бардорем", - гуфт вазир.
Вазири Русия зикр намуд, ки миёни мақомоти низомии ду кишвар ҳамкории мунтазами дуҷониба вуҷуд дорад ва аз пойгоҳи ҳарбии 201-ум ва маҷмааи кайҳонии "Окно"-ро зикр намуд.
Шералӣ Мирзо дар навбати худ изҳор дошт, ки Русия барои Тоҷикистон шарики боэътимоди стратегӣ буд ва боқӣ мемонад.
Вай ҳамкориҳои Маскаву Душанбе дар арсаи низомиро омили муҳими ҳифзи субот дар Осиёи Марказӣ хонду аз истиқрори пойгоҳи низомии 201-ум зикр кард, ки бузургтарин иншооти низомии Русия дар берун аз қаламрави он мебошад.