https://sputnik.tj/20240610/lavrov-briks-ejod-platforma-pardokht-pul-milli-kor-1063163794.html
Лавров: БРИКС барои эҷоди як платформаи пардохтҳо бо пули миллӣ фаъолона кор мекунад
Лавров: БРИКС барои эҷоди як платформаи пардохтҳо бо пули миллӣ фаъолона кор мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои хориҷии Русия таъкид кард, ки Ғарб аз кӯшиши нигоҳ доштани бартарияти дастнорасаш дар пасманзари афзояндаи БРИКС даст намекашад
2024-06-10T16:24+0500
2024-06-10T16:24+0500
2024-06-10T16:32+0500
сергей лавров
брикс
сиёсат
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/0a/1063164487_0:193:2889:1818_1920x0_80_0_0_0a526885f5320acc7b6df508ec518a12.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. БРИКС барои эҷоди платформаи пардохтҳо бо асъори миллӣ фаъолона кор мекунад. Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, зимни нишасти вазирони хориҷаи ин иттиҳодия изҳор дошт. Ба гуфтаи вай, Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш аз абзорҳои иқтисодӣ, аз ҷумла фишори таҳримӣ ва шантажи молӣ ба унвони аслиҳа истифода мекунанд.Сардори вазорат инчунин қайд кард, ки Ғарб аз кушишҳои нигоҳ доштани ҳукмронии дастнорасаш даст намекашад. Сарфи назар аз он, ки густариши БРИКС “намунаи равшани ташаккули тартиботи бисёрқутбӣ дар ҷаҳон аст”. Айни замон ба БРИКС 10 кишвар шомиланд. Ёдовар мешавем, ки дар моҳи августи соли 2023 шаш узви нав, аз ҷумла Аргентина барои пайвастан ба ин иттиҳодия даъват шуда буданд, аммо дар охири моҳи декабр он аз пайвастан худдорӣ кард. Панҷ узви нави ин иттиҳодия - Миср, Эрон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ ва Эфиопия - аз 1 январи соли 2024 ба кори комил дар БРИКС шурӯъ карданд.
https://sputnik.tj/20240411/lavrov-briks-davat-kor-muboriza-terrorizmro-faol-1062441558.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/0a/1063164487_0:85:2617:2048_1920x0_80_0_0_139eb6fde32c25d5bcbd0b89a89063ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лавров брикс платформа пардохт пул миллӣ кор
лавров брикс платформа пардохт пул миллӣ кор
Лавров: БРИКС барои эҷоди як платформаи пардохтҳо бо пули миллӣ фаъолона кор мекунад
16:24 10.06.2024 (Навсозишуда: 16:32 10.06.2024) Вазири корҳои хориҷии Русия таъкид кард, ки Ғарб аз кӯшиши нигоҳ доштани бартарияти дастнорасаш дар пасманзари афзояндаи БРИКС даст намекашад
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. БРИКС барои эҷоди платформаи пардохтҳо бо асъори миллӣ фаъолона кор мекунад.
Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, зимни нишасти вазирони хориҷаи ин иттиҳодия изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш аз абзорҳои иқтисодӣ, аз ҷумла фишори таҳримӣ ва шантажи молӣ ба унвони аслиҳа истифода мекунанд.
Сардори вазорат инчунин қайд кард, ки Ғарб аз кушишҳои нигоҳ доштани ҳукмронии дастнорасаш даст намекашад. Сарфи назар аз он, ки густариши БРИКС “намунаи равшани ташаккули тартиботи бисёрқутбӣ дар ҷаҳон аст”.
"Рӯйдодҳои охирини байналмилалӣ ниқобҳои онҳоеро, ки то имрӯз ба таври шифоҳӣ тақрибан ҳуқуқи истисноии муайян кардани арзишҳои ба истилоҳ умумибашариро зери ниқоби тартиботи муқарраршуда иддао мекарданд, кашиданд",- гуфт Лавров.
Айни замон ба БРИКС 10 кишвар шомиланд.
Ёдовар мешавем, ки дар моҳи августи соли 2023 шаш узви нав, аз ҷумла Аргентина барои пайвастан ба ин иттиҳодия даъват шуда буданд, аммо дар охири моҳи декабр он аз пайвастан худдорӣ кард.
Панҷ узви нави ин иттиҳодия - Миср, Эрон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ ва Эфиопия - аз 1 январи соли 2024 ба кори комил дар БРИКС шурӯъ карданд.