https://sputnik.tj/20240411/lavrov-briks-davat-kor-muboriza-terrorizmro-faol-1062441558.html
Лавров аз БРИКС даъват кард, ки кор дар мубориза бо терроризмро фаъол созанд
Лавров аз БРИКС даъват кард, ки кор дар мубориза бо терроризмро фаъол созанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳодисаҳои фоҷиабори "Крокус" дар наздикии Маскав бори дигар зарурати пурзӯр кардани талошҳои муштаракро нишон доданд, гуфт вазири корҳои хориҷии Русия
2024-04-11T19:15+0500
2024-04-11T19:15+0500
2024-04-11T19:15+0500
сергей лавров
брикс
сиёсат
мубориза
терроризм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/0b/1062445331_208:155:3125:1796_1920x0_80_0_0_cd94a8dce98c730ff41422bbb11690ae.jpg
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл зарурати фаъол кардани талошҳои муштараки кишварҳои узви БРИКС дар мубориза бо терроризмро нишон дод. Дар ин бора Сергей Лавров, раиси Вазорати корҳои хориҷии Русия, дар мулоқот бо намояндагони кумитаҳои дахлдори парлумонии кишварҳои узви БРИКС изҳор дошт. Вай таъкид кард, ки рӯйдодҳои фоҷиабори ахир дар Крокус Сити Холл дар наздикии Маскав "бор бори дигар нишон дод, ки талошҳои муштараки мутахассисони ин соҳаҳо ва қонунгузорон барои муқовимат ба ин бадии ҷаҳонӣ пурзӯр карда шаванд".Лавров ҳамчунин қайд кард, ки "парлумонҳо дар таъмини саривақтӣ ва таҳкими заминаи қонунгузорӣ барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои қабули қарорҳои зарурӣ алайҳи террористон нақши бузург доранд". Дар робита ба масъалаи аъзои нави БРИКС, ки аз 1 январи соли 2024 расман ба ин созмони байналмилалӣ шомил шуданд, онҳо аллакай дар кори он дар тамоми самтҳои муҳим саҳми беназири худро гузошта истодаанд.Айни замон ба БРИКС 10 кишвар шомиланд. Ёдовар мешавем, ки дар моҳи августи соли 2023 шаш узви нав, аз ҷумла Аргентина барои пайвастан ба ин иттиҳодия даъват шуда буданд, аммо дар охири моҳи декабр он аз пайвастан худдорӣ кард. Панҷ узви нави иттиҳодия – Миср, Эрон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ ва Эфиопия – аз 1 январи соли 2024 ба кори комил дар БРИКС шурӯъ карданд.
https://sputnik.tj/20240103/eron-sjt-talosh-nadorad-briks-shsh-iiao-hastand-1061154404.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/0b/1062445331_319:0:3048:2047_1920x0_80_0_0_aa0864bff186f146aac37fc6293a8aea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лавров брикс даъват мубориза терроризм
лавров брикс даъват мубориза терроризм
Лавров аз БРИКС даъват кард, ки кор дар мубориза бо терроризмро фаъол созанд
Ҳодисаҳои фоҷиабори "Крокус" дар наздикии Маскав бори дигар зарурати пурзӯр кардани талошҳои муштаракро нишон доданд, гуфт вазири корҳои хориҷии Русия
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл зарурати фаъол кардани талошҳои муштараки кишварҳои узви БРИКС дар мубориза бо терроризмро нишон дод.
Дар ин бора Сергей Лавров, раиси Вазорати корҳои хориҷии Русия, дар мулоқот бо намояндагони кумитаҳои дахлдори парлумонии кишварҳои узви БРИКС изҳор дошт.
"Дар ҷараёни омодагӣ ба нишасти Қазон мо ба рушди ҳамкориҳои зиддитеррористӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунем", - гуфт вазир.
Вай таъкид кард, ки рӯйдодҳои фоҷиабори ахир дар Крокус Сити Холл дар наздикии Маскав "бор бори дигар нишон дод, ки талошҳои муштараки мутахассисони ин соҳаҳо ва қонунгузорон барои муқовимат ба ин бадии ҷаҳонӣ пурзӯр карда шаванд".
Лавров ҳамчунин қайд кард, ки "парлумонҳо дар таъмини саривақтӣ ва таҳкими заминаи қонунгузорӣ барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои қабули қарорҳои зарурӣ алайҳи террористон нақши бузург доранд".
Дар робита ба масъалаи аъзои нави БРИКС, ки аз 1 январи соли 2024 расман ба ин созмони байналмилалӣ шомил шуданд, онҳо аллакай дар кори он дар тамоми самтҳои муҳим саҳми беназири худро гузошта истодаанд.
Айни замон ба БРИКС 10 кишвар шомиланд.
Ёдовар мешавем, ки дар моҳи августи соли 2023 шаш узви нав, аз ҷумла Аргентина барои пайвастан ба ин иттиҳодия даъват шуда буданд, аммо дар охири моҳи декабр он аз пайвастан худдорӣ кард.
Панҷ узви нави иттиҳодия – Миср, Эрон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ ва Эфиопия – аз 1 январи соли 2024 ба кори комил дар БРИКС шурӯъ карданд.