https://sputnik.tj/20240609/qonun-masuli-tarbiyai-farzandoni-muhojiron-muqarrar-1063146255.html
Палатаи болоии парлумон қонун дар бораи тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунад
Палатаи болоии парлумон қонун дар бораи тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ дар иҷлосияи ҳаждаҳум тағйирот ба қонун дар бораи таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд
2024-06-09T11:53+0500
2024-06-09T11:53+0500
2024-06-09T11:54+0500
дар тоҷикистон
маориф
таълим
тарбия
падару модар
кӯдак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103108/48/1031084804_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_5c5254b9d533f364563b7a2555db6d69.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Аъзои Маҷлиси миллӣ тағйирот ба қонун "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак"-ро баррасӣ мекунанд, ки ахиран аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қабул шуд. Баррасии қонуни мазкур дар иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллӣ дар назар аст, ки рӯзи 19 июни соли равон дар Душанбе аз ҷониби раиси палатаи болоии парлумон, Рустами Эмомалӣ даъват шудааст. Қонуне, ки аъзои Маҷлис баррасӣ мекунанд, вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар Маҷлиси намояндагон муаррифӣ карда буд ва вакилон онро ҷонибдорӣ намуданд. Ин қонун, ки қаблан "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ном дошт, тағйири ном хоҳад кард. Вазири маориф аз худи номгузорӣ намудани лоиҳаи қонун, яъне аз "фарзанд" ба "кӯдак" табдил додани мафҳумҳои асосии қонун ва хориҷ намудани калимаҳои "падару модар" бисёр муҳим дониста мешаванд, зеро мафҳуми "фарзанд" маҳдуд буда, масъулият танҳо ба падару модар тааллуқ дорад, ҳол он ки дар татбиқи қонуни зикршуда дигар шахсон низ масъул мебошанд. Ба гуфтаи Раҳимзода, дар қонуни мазкур, бори аввал принсипҳои масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, ҷалби аҳли ҷомеа барои таълиму тарбияи кӯдак, ҳуқуқу уҳдадориҳои муассисаи таълимӣ ва омӯзгор ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти таълиму тарбияи кӯдак пешбинӣ шуданд.
https://sputnik.tj/20240122/dushanbe-munoqisha-khonandagon-maktab-1061354000.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103108/48/1031084804_162:0:1979:1363_1920x0_80_0_0_bd69fd875b581017ef620a5f638fdc2e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷаласа, маҷлиси миллӣ, тоҷикистон, даъват, баррасӣ
ҷаласа, маҷлиси миллӣ, тоҷикистон, даъват, баррасӣ
Палатаи болоии парлумон қонун дар бораи тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунад
11:53 09.06.2024 (Навсозишуда: 11:54 09.06.2024) Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ дар иҷлосияи ҳаждаҳум тағйирот ба қонун дар бораи таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Аъзои Маҷлиси миллӣ тағйирот ба қонун "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак"-ро баррасӣ мекунанд, ки ахиран аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қабул шуд.
Баррасии қонуни мазкур дар иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллӣ дар назар аст, ки рӯзи 19 июни соли равон дар Душанбе аз ҷониби раиси палатаи болоии парлумон, Рустами Эмомалӣ даъват шудааст.
Қонуне, ки аъзои Маҷлис баррасӣ мекунанд, вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар Маҷлиси намояндагон муаррифӣ карда буд ва вакилон онро ҷонибдорӣ намуданд.
Ин қонун, ки қаблан "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ном дошт, тағйири ном хоҳад кард.
Вазири маориф аз худи номгузорӣ намудани лоиҳаи қонун, яъне аз "фарзанд" ба "кӯдак" табдил додани мафҳумҳои асосии қонун ва хориҷ намудани калимаҳои "падару модар" бисёр муҳим дониста мешаванд, зеро мафҳуми "фарзанд" маҳдуд буда, масъулият танҳо ба падару модар тааллуқ дорад, ҳол он ки дар татбиқи қонуни зикршуда дигар шахсон низ масъул мебошанд.
Ба гуфтаи Раҳимзода, дар қонуни мазкур, бори аввал принсипҳои масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, ҷалби аҳли ҷомеа барои таълиму тарбияи кӯдак, ҳуқуқу уҳдадориҳои муассисаи таълимӣ ва омӯзгор ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти таълиму тарбияи кӯдак пешбинӣ шуданд.