https://sputnik.tj/20240122/dushanbe-munoqisha-khonandagon-maktab-1061354000.html
Дар Душанбе аз муноқишаи хонандагони се мактаб ҷилавгирӣ шуд
Дар Душанбе аз муноқишаи хонандагони се мактаб ҷилавгирӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳоло нисбати волидони 13 хонанда барои бемасъулиятӣ нисбати таълиму тарбияи фарзандон протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шудааст
2024-01-22T13:01+0500
2024-01-22T13:01+0500
2024-01-22T15:41+0500
душанбе
дар тоҷикистон
раёсати вкд ҷт дар шаҳри душанбе
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0f/1032631110_0:143:2700:1662_1920x0_80_0_0_d18c5b567251690ea253616cf37cfe6c.jpg
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар Душанбе 13 хонанда аз сӯи кормандони милитсияи Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар пойтахт боздошт шуданд.Дар ин бора дафтари матбуоти РВКД хабар дода, афзуд, ки бинобар фаъолияти саривақтии кормандони ин ниҳод аз муноқишаи гурӯҳии хонандагон, ки шояд оқибатҳои фалокатовар ба бор меовард, ҷилавгирӣ карда шуд.Манбаъ афзуд, ки хонандагони макбати рақами №8 - и ноҳияи И.Сомонӣ ва хонандагони рақами №43 ва 54 - и ноҳияи Сино дар шабакаи иҷтимоӣ баҳси лафзӣ намуданд.Пасон наврасон дар кӯчаи Маяковский ҷамъ омада, мехостанд ба ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кунанд. Вале пеши роҳи онҳоро кормандони милитсия гирифтанд.Гуфта мешавад, бо боздошт кардани 13 ноболиғ кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз муноқишаи гурӯҳӣ, ки эҳтимол оқибати нанговар медошт, пешгирӣ карда шуд.Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки нисбати волидайни 13 нафар ноболиғ барои бемасъулиятӣ нисбати таълиму тарбияи фарзанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.Ҳоло ҷиҳати чораҷӯӣ маводҳо ба суд ирсол карда шуд.Маврид ба зикр г аст, ки ҷавобгарии маъмурӣ барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд огоҳӣ ва ё ҷарима аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ шудаст.
https://sputnik.tj/20230814/bemasuliyatii-volidon-tojikiston-shohiyon-1058828858.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0f/1032631110_148:0:2552:1803_1920x0_80_0_0_ab46b2a41b3155c7f7b3d9dc18c8f3b7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе муноқишаи хонандагон мактаб ҷилавгирӣ шуд
душанбе муноқишаи хонандагон мактаб ҷилавгирӣ шуд
Дар Душанбе аз муноқишаи хонандагони се мактаб ҷилавгирӣ шуд
13:01 22.01.2024 (Навсозишуда: 15:41 22.01.2024) Ҳоло нисбати волидони 13 хонанда барои бемасъулиятӣ нисбати таълиму тарбияи фарзандон протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шудааст
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар Душанбе 13 хонанда аз сӯи кормандони милитсияи Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар пойтахт боздошт шуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти РВКД хабар дода, афзуд, ки бинобар фаъолияти саривақтии кормандони ин ниҳод аз муноқишаи гурӯҳии хонандагон, ки шояд оқибатҳои фалокатовар ба бор меовард, ҷилавгирӣ карда шуд.
Манбаъ афзуд, ки хонандагони макбати рақами №8 - и ноҳияи И.Сомонӣ ва хонандагони рақами №43 ва 54 - и ноҳияи Сино дар шабакаи иҷтимоӣ баҳси лафзӣ намуданд.
Пасон наврасон дар кӯчаи Маяковский ҷамъ омада, мехостанд ба ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кунанд. Вале пеши роҳи онҳоро кормандони милитсия гирифтанд.
Гуфта мешавад, бо боздошт кардани 13 ноболиғ кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз муноқишаи гурӯҳӣ, ки эҳтимол оқибати нанговар медошт, пешгирӣ карда шуд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки нисбати волидайни 13 нафар ноболиғ барои бемасъулиятӣ нисбати таълиму тарбияи фарзанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Ҳоло ҷиҳати чораҷӯӣ маводҳо ба суд ирсол карда шуд.
Маврид ба зикр г аст, ки ҷавобгарии маъмурӣ барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд огоҳӣ ва ё ҷарима аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ шудаст.