https://sputnik.tj/20240609/khatlon-kharji-millionho-somoni-korkhona-1063145647.html
Хатлон бо харҷи миллиардҳо сомонӣ иншоот сохт
Хатлон бо харҷи миллиардҳо сомонӣ иншоот сохт
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон ҳукумати Тоҷикистон тибқи ҳадафи саноатикунонии босуръат тарҳрезӣ кардаст, ки рушди соҳаи саноат ҳамасола бояд на кам аз 20 фоиз таъмин карда шавад.
2024-06-09T10:33+0500
2024-06-09T10:33+0500
2024-06-09T11:01+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
корхонаи либосбарорӣ
саноат
хатлон
коҳиш
бунёд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/10/1032462670_0:157:3073:1885_1920x0_80_0_0_b367d19cfd5460bf1c17964362b7eff7.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Хатлон беш аз 2,7 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд, хабар медиҳад ҳукумати вилоят. Дар байни онҳо корхонаҳои гуногуни саноатӣ, мактабҳо, беморхонаҳо ва ғайра ҳастанд. Барои онҳо қариб 2,5 млрд сомонӣ харҷ кардаанд.Тибқи иттилои расмӣ, дар моҳҳои январ - апрели соли 2024 дар вилояти Хатлон дар ҳаҷми 3,2 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6% зиёд мебошад. Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳукумати Тоҷикистон тибқи ҳадафи саноатикунонии босуръат тарҳрезӣ кардаст, ки рушди соҳаи саноат ҳамасола бояд на кам аз 20% таъмин карда шавад.Бар асоси омори расмӣ, дар чор моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 22 корхонаву коргоҳи нав таъсис ёфтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41 корхона кам мебошад.Дар шаҳру ноҳияҳои Вахш, Дӯстӣ, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Шаҳритус, Носири Хусрав, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Фархор, Темурмалик, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон ва Норак ягон корхона ё коргоҳи нав таъсис дода нашудааст.Дар баробари ин, аз 826 корхонаи саноатии вилоят дар ин давра 21 корхона аз фаъолият бозмондааст.Ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Хатлон ва Вазорати саноату технологияҳои нави ҷумҳурӣ супориш дод, ки барои ислоҳи вазъ чораандешӣ кунанд.
https://sputnik.tj/20240531/uralgidromash-obyori-sughd-behbud-1063038065.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/10/1032462670_174:0:2897:2042_1920x0_80_0_0_c1efef4a37287f52e649c6a701f7786e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сохтмон, хатлон, иншоот, афзоиш, миқдор
сохтмон, хатлон, иншоот, афзоиш, миқдор
Хатлон бо харҷи миллиардҳо сомонӣ иншоот сохт
10:33 09.06.2024 (Навсозишуда: 11:01 09.06.2024) Ҳукумати Тоҷикистон ҳукумати Тоҷикистон тибқи ҳадафи саноатикунонии босуръат тарҳрезӣ кардаст, ки рушди соҳаи саноат ҳамасола бояд на кам аз 20 фоиз таъмин карда шавад.
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Хатлон беш аз 2,7 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд, хабар медиҳад ҳукумати вилоят.
Дар байни онҳо корхонаҳои гуногуни саноатӣ, мактабҳо, беморхонаҳо ва ғайра ҳастанд. Барои онҳо қариб 2,5 млрд сомонӣ харҷ кардаанд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар моҳҳои январ - апрели соли 2024 дар вилояти Хатлон дар ҳаҷми 3,2 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6% зиёд мебошад.
Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳукумати Тоҷикистон тибқи ҳадафи саноатикунонии босуръат тарҳрезӣ кардаст, ки рушди соҳаи саноат ҳамасола бояд на кам аз 20% таъмин карда шавад.
Бар асоси омори расмӣ, дар чор моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 22 корхонаву коргоҳи нав таъсис ёфтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41 корхона кам мебошад.
Дар шаҳру ноҳияҳои Вахш, Дӯстӣ, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Шаҳритус, Носири Хусрав, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Фархор, Темурмалик, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон ва Норак ягон корхона ё коргоҳи нав таъсис дода нашудааст.
Дар баробари ин, аз 826 корхонаи саноатии вилоят дар ин давра 21 корхона аз фаъолият бозмондааст.
Ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Хатлон ва Вазорати саноату технологияҳои нави ҷумҳурӣ супориш дод, ки барои ислоҳи вазъ чораандешӣ кунанд.