"Уралгидромаш" обёрӣ дар Суғдро беҳбуд мебахшад

© Foto / Пресс-служба ВСК МО РФ / Гузариш ба медиабонкНасосная станция. Иллюстративное фото
Насосная станция. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2024
Обуна шудан
Таъмини амнияти озуқаворӣ, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳадаф қарор додаст, аз фаъолияти бонизоми пойгоҳҳои обкашӣ ва таъмини киштзор бо об вобастагии калон дорад
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Қисми калони таҷҳизоти​ обкашӣ, ки дар пойгоҳҳои вилояти Суғд истифода мешаванд, истеҳсоли​ "Уралгидромаш" мебошанд ва ҳукумати вилоят хостори таҳкими ҳамкорӣ бо ин ширкат аст.
Ин нукта дар мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии "Уралгидромаш" Денис Хрусталёв баррасӣ шуд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо баҳри роҳандозии ҳамкорӣ дар самти таҷдиду навсозии пойгоҳҳои обкашӣ мубодилаи афкор намуданд.
Аҳмадзода таъкид кард, ки қисми зиёди заминҳои кишоварзии вилоят тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ шуда, ҳамасола барои таъмиру навсозии иншооти ирригатсионӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешавад.
Территория насосной станции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2024
Бузургтарин лӯлаи обгузари ноҳияи Зафаробод кафидааст: Шарҳи мақомот - видео
"Қисми калони таҷҳизоти​ обкашӣ истеҳсоли​ "Уралгидромаш" аст ва вилояти Суғд барои таҳкими робитаҳо ба ин корхона омода мебошад", - гуфтаст раиси вилоят.
Хрусталёв изҳор доштааст, ки корхона омода​ аст дар навсозии агрегатҳои пойгоҳҳои обкашии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд фаъолона иштирок намояд.​
Масъулини ширкат аз пойгоҳҳои обкашии ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров боздид карда, барои роҳандозии ҳамкорӣ бо мутахассисони Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят мулоқот анҷом доданд.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи итттилои Идораи кишоварзӣ дар вилояти Суғд, 250 ҳазор гектар замини кишоварзӣ мавҷуд аст, ки 75%-и он тавассути чоҳ ва пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешавад. Ба далели фарсуда шудани бархе пойгоҳҳо мушкили дастрасӣ ба об дар бархе аз навоҳӣ ҷой дорад.
Лентаи хабарҳо
0