Ҷудокорони ҷавон дар Суғд барои роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон зӯр меозмоянд

© Foto / Дафтари матбуоти ҳукумати СуғдЧемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷудо байни ҷавонони солҳои таваллуди 2004-2006
Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷудо байни ҷавонони солҳои таваллуди 2004-2006 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2024
Обуна шудан
Дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Чемпионати Тоҷикистон дар риштаи ҷудо байни ҷавонони солҳои таваллуди 2004-2006 ҷараён дорад, иттилоъ дод ҳукумати Суғд
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Чемпионат байни ҷавонон дар риштаи ҷудо барои пайдо кардани чеҳраҳои нави боистеъдод барои гирифтани роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон баргузор шуда истодааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд иттилоъ дода, афзуд, ки Чемпионат ба хотири таҳкими тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ, дарёфт намудани чеҳраҳои нави варзишӣ амалӣ шуда истодааст.
Иштирокдорон метавонанд, роҳхат ба чемпионати ҷаҳон, ки аз 2 то 5 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бори аввал дар таърихи кишвар баргузор мегардад, соҳиб шаванд.
Дар маросими кушодашавии мусобиқаи мазкур раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода, гуфт, намуди варзиши ҷудо яке аз намудҳои маъмули варзиш дар кишвар ба ҳисоб рафта, таваҷҷӯҳ ва дастгирии ин намуди варзиш рӯз аз рӯз меафзояд.
Дар Хуҷанд нахустин Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил карданд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2024
Таҷлили бошукуҳи Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Хуҷанд – видео
"Аз ҷониби давлат тамоми шароиту имкониятҳои мусоид барои варзишгарони кишвар, аз ҷумла ҷудочиён фароҳам оварда шудааст, ки онҳо аз ин шароиту имконият самаранок истифода бурда истодаанд", - гуфт раиси Суғд.
Вай зикр намуд, ки ҷудокорони тоҷик тавонистанд, ки 6 роҳхати Бозиҳои олимпӣ, ки дар шаҳри Парижи давлати Фаронса баргузор мегардад, ба даст оваранд, ки дар таърихи ҷудои кишвар бори аввал мебошад.
Дар чемпионати ҷавонон ҳамчунин ба варзишгарони муваффақи кишвар, ки роҳхати Бозиҳои олимпиро аз рӯи ҷудо ба даст овардаанд, ҷомаи миллӣ тақдим карда шуд, афзуд дафтари матбуоти ҳукумати Суғд.
Лентаи хабарҳо
0