https://sputnik.tj/20240527/khujand-ruz-jahoni-futbol-tajlil-video-1062989229.html
Таҷлили бошукуҳи Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Хуҷанд – видео
Таҷлили бошукуҳи Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Хуҷанд – видео
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи ҷаҳонии футбол шурӯъ аз 25 уми майи барои аввалин бор таҷлил гардида, қарор аст ҳамасола дар ин сана дар нукоти ҷаҳон қайд шавад
2024-05-27T13:03+0500
2024-05-27T13:03+0500
2024-05-27T13:03+0500
видео
дар тоҷикистон
футбо
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1b/1062989051_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_c42e541427a5441d67b393500d37d2fc.png
Нахустин иди ҷаҳонии футбол дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” бо иштироки беш аз 25 ҳазор сокинони касбу кори гуногун бо шукӯҳ таҷлил карда шуд. Майдони сабзи варзишгоҳ пур аз наврасону ҷавонон буд, ки ҳар кадоме бо усули хоса машқу тамрини футбол мекарданд, ки барои ҳар як тамошобин хушҳолкунанда буд.Даврон Зоҳидзода, муовини раиси вилояти Суғд ҳамроҳ бо раиси шаҳри Хуҷанд ва масъулини идораи кор бо ҷавонон ва варзиш сокинонро ба фарорасии Рӯзи умумиҷаҳонии футбол шодбош намуд. Ҷашнвораҳои футбол дар Тоҷикистон чӣ гуна гузаштанд - аксҳоХабарнигори Sputnik Тоҷикистон барои инъикоси ин чорабинӣ ба варзишгоҳ рафт ва беҳтарин лаҳзаҳои баргузории “фестивали футбол” ро ба навор гирифт. Аҳлиддин Юнусов, котиби Федератсияи футболи Суғд зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон таъкид намуд, ки таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол як қадами устувор аст, ки ба рушди футболи миллӣ таъсир хоҳад кард. Маҷмааи умумии СММ ахиран бо қабули қатънома 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард. Ташаббуси эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ пешниҳод шуда буд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1b/1062989051_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_0f0728b250ed1afcb3766906cb53f8d4.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хуҷанд футбол таҷлил видео
хуҷанд футбол таҷлил видео
Таҷлили бошукуҳи Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Хуҷанд – видео
Рӯзи ҷаҳонии футбол шурӯъ аз 25 уми майи барои аввалин бор таҷлил гардида, қарор аст ҳамасола дар ин сана дар нукоти ҷаҳон қайд шавад
Нахустин иди ҷаҳонии футбол дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” бо иштироки беш аз 25 ҳазор сокинони касбу кори гуногун бо шукӯҳ таҷлил карда шуд.
Майдони сабзи варзишгоҳ пур аз наврасону ҷавонон буд, ки ҳар кадоме бо усули хоса машқу тамрини футбол мекарданд, ки барои ҳар як тамошобин хушҳолкунанда буд.
Даврон Зоҳидзода, муовини раиси вилояти Суғд ҳамроҳ бо раиси шаҳри Хуҷанд ва масъулини идораи кор бо ҷавонон ва варзиш сокинонро ба фарорасии Рӯзи умумиҷаҳонии футбол шодбош намуд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон барои инъикоси ин чорабинӣ ба варзишгоҳ рафт ва беҳтарин лаҳзаҳои баргузории “фестивали футбол” ро ба навор гирифт.
Аҳлиддин Юнусов, котиби Федератсияи футболи Суғд зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон таъкид намуд, ки таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол як қадами устувор аст, ки ба рушди футболи миллӣ таъсир хоҳад кард.
“Дар ин сана ҳама дар бораи футбол меандешанд ва ин навъи варзиш аз пурмухлистаринҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад. Футбол василаест, ки халқҳо, миллатҳо ва кишварҳоро ба ҳам мепайвандад” - зикр кард, котиби ФФ Суғд.
Маҷмааи умумии СММ ахиран бо қабули қатънома 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард. Ташаббуси эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ пешниҳод шуда буд.