Эълони омори ғарқшудаҳо дар обҳои Тоҷикистон: зиёд шудааст

© Sputnik / Стас ЭтвешТонущий человек, архивное фото
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2024
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар бораи ҳолатҳои маргумир дар обҳои ҷумҳурӣ гузориш дод, ки мизони болоравӣ дорад
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз аввали сол то кунун 52 нафар дар обҳои кишвар ғарқ шудаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар бо изтироб гуфтааст, ки 21 нафари ҳалокшудагон кӯдакону наврасони то 17-сола мебошанд.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ панҷ ҳолат зиёдтар аст.
КҲФ мегӯяд, бештари ҳолатҳои фоҷиабор аз беназоратӣ рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, охирин ҳолат марги кӯдаки 10-сола дар рӯзҳои истироҳатӣ дар ҷануби кишвар аст.
Ин ниҳод мегӯяд, ки фоҷеа деҳаи Кӯлоботи ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон дар канали байнидеҳаи маҳаллӣ рух дод.
Последствия сильных осадков в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2024
Яке ғарқу дигареро сел бурд: ҳалокати ду ноболиғ аз беэҳтиётӣ дар Тоҷикистон
Наҷотдиҳандагони минтақа ҳарчанд талош карданд, дар рӯзи аввал ҷасади пирсарбачаро ёфта натавонистанд, ва идомаи корҳо ба имрӯз 3 июн гузашт.
"Дар соати 10:07 ғаввосони КҲФ ҷасади писарбачаро дар 800 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса кашф ва берун оварданд. Ҷасад ба наздиконаш супурда шуд", - афзудааст манбаъ.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз падару модарон дархост кардааст, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд, қоидаҳои рафтори бехатарро дар назди обанборҳо ва дар об қатъиян риоя кунанд.
Лентаи хабарҳо
0