Бозори ИИАО барои кишварҳои Амрикои Лотинӣ имкониятҳоро мекушояд

© Фотохост-агентство РИА Новости / Гузариш ба медиабонкФорум ЕАЭС
Форум ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2024
Обуна шудан
Мамолики Амрикои лотинӣ талош доранд, ки алоқаҳои тиҷоратии худро бо дигар минтақаҳо, аз ҷумла бо мамлакатҳои аъзои ИИАО вусъат диҳанд, гуфт котиби доимии НИА
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Ифтитоҳи бозорҳои нав, бахусус дар фазои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба манфиати кишварҳои Амрикои Лотинӣ мувофиқ аст.
Дар ин бора котиби доимии Низоми иқтисодии Амрикои лотинӣ Кларемс Эндара Вера дар мусохиба бо ТАСС дар ҳошияи Форуми байналхалқии иқтисодии Петербург изҳор намуд.
Ба гуфтаи вай, мамлакатҳои Амрикои лотин кушиш доранд, ки алоқаҳои тиҷоратии худро бо дигар минтақаҳо вусъат диҳанд.
"Ҳузури мо дар форум ба манфиатҳои минтақа барои дастрасӣ ба бозорҳои нав мувофиқат мекунад <...> Мо бо Комиссияи Авруосиё [иқтисодӣ] созишномаи сесола дорем ва мо навакак як ҷаласаи дигар баргузор кардем", - гуфт Эндара Вера.
Вай тавзеҳ дод, ки онҳо ба чунин соҳаҳо, аз қабили меъмории молиявии ҷаҳонӣ, тиҷорату рақобат ва масъалаҳои зиддиинҳисорӣ таваҷҷӯҳ доранд.
Премьер-министр Михаил Мишустин провел заседание правительства РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2024
Ҳукумати Русия иҷрои созишномаҳоро бо шарикон дар ИИАО назорат мекунад
Вай ҳамчунин афзуд, ки дар навбати худ ИИАО барои ширкат дар нишасти иқтисодӣ дар моҳи август дар Гондурас даъватнома гирифтааст ва механизмҳои ҳамкории ду иттиҳодияро пеш мебарад.
Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург аз 5 то 8 июн баргузор мешавад. Мавзӯи форуми имсола: "Асоси ҷаҳони бисёрқутбӣ ташаккули нуқтаҳои нави рушд аст".
Лентаи хабарҳо
0