Шикасти Тоҷикистон дар бозии интихобии Ҷоми Ҷаҳон - 2026

© Foto / Дафтари матбуоти ФФТТими мунтахаби миллии Тоҷикистон дар риштаи футбол
Тими мунтахаби миллии Тоҷикистон дар риштаи футбол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2024
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футбол дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи "G" бозии панҷуми худро анҷом дод
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Тими мунтахаби Тоҷикистон дар Варзишгоҳи байналмилалии Аммон аз дастаи Урдун шикаст хӯрд.
Ин панҷумин бозии Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи "G" буд.
Футболбозони Тоҷикистон дар ин сабқат 3 голро ба дарвозаи худ сар дода, натавонистанд тӯбро боре ҳам вориди дарвозаи ҳариф созанад. Бозӣ бо ҳисоби 3:0 анҷом ёфт.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон дар бозии гузаштааш, ки бо Урдун дар Душанбе доир гардида буд, бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дода буд.
Рустам Ятимов, голкипер национальной сборной Таджикистана: - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2024
Барои хариди дарвозабони "Истиқлол" ду тими Русия талош доранд
Бозии навбатии марҳилаи интихобии тими Тоҷикистон бо Покистон 11 июн дар шаҳри Душанбе дар назар аст.
Маврид ба зикр аст, ки тими мунтахаби Тоҷикистон яккачини Покистонро дар Исломобод бо ҳисоби бузург шикаст дода буд.
Ин рақобат дар варзишгоҳи "Ҷинна"-и шаҳри Исломобод баргузор шуда бо ҳисоби 6:1 анҷом ёфта буд.
Голҳои тими Тоҷикистонро дар меҳмонӣ Амадонӣ Камолов (дубл), Рустам Соиров, Парвизҷон Умарбоев, Эҳсони Панҷшанбе ва Шаҳром Самиев ба ҳадаф расониданд.
Лентаи хабарҳо
0