Анҷумани иқтисодии Петербург барои Тоҷикистон чӣ имкониятҳо медиҳад?

© Sputnik / Кристина Кормилицына / Гузариш ба медиабонкПМЭФ-2024.Торжественное открытие форума
ПМЭФ-2024.Торжественное открытие форума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2024
Обуна шудан
Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург аз ҷумла метавонад, майдоне барои баррасии вазъи Афғонистон бо бозигарони минтақа дар фазои ғайрирасмӣ гардад
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Ҳузур дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (ФБИП) метавонад ба Тоҷикистон барои барқарор кардани робитаҳо бо намояндагони кишварҳои ҳамсоя кумак кунад.
Дар ин бора раиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Русия Муҳаммад Сурхов ба Sputnik Тоҷикистон изҳори назар кард.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар ин чорабинӣ як ҳайат аз Тоҷикистон ҳузур дорад, ки аз ҷумла ба баррасӣ ва ҳалли мушкилоти муҳоҷират низ машғул аст.
Завод ТАЛКО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2024
Даромаду истеҳсолоти "Талко" дар панҷ моҳ афзоиш ёфт: Аз ҳисоби чӣ?
Дар мавриди ҳамсояҳо, ба гуфтаи Сурхов, бо дарназардошти ҳузури намояндагони мақомоти Афғонистон дар ин ҳамоиш, ФБИП метавонад як платформаи хубе барои баррасии вазъи Афғонистон бо бозигарони дигари минтақа дар фазои ғайрирасмӣ гардад.
"Ҳамоиш барои гуфтушунид дар асоси шартҳои мутақобилан судманд муфид хоҳад буд, зеро барои мо ҳамчун ҳамсояҳо сулҳу оромӣ дар Афғонистон хеле муҳим аст", - шарҳ дод ӯ.
Дар Форуми байналмилалии иқтисодӣ - 2024, ки дар шаҳри Санкт-Петербург ҷараён дорад, намояндагони бахши хусусию давлатии кишварҳои гуногун ҳамкориро баррасӣ доранд
Лентаи хабарҳо
0