Бозии ҳалкунанда: Тоҷикистон барои роҳхат бо Урдун вориди сабқат мешавад

© Foto / Пресс-служба ФФТОлимпийская сборная Таджикистана (U-23)
Олимпийская сборная Таджикистана (U-23) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2024
Обуна шудан
Сармураббии мунтахаби кишвар бо ишора ба муҳимияти бозӣ, умедвор аст, ки шогирдонаш бо истифода аз ҳама тавоноӣ натоиҷи мусбат ба даст меоранд
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол имрӯз барои роҳхат ба Ҷоми Ҷаҳон мубориза мебарад.
Ҳарифи навбатии яккачини кишвар тими Урдун аст.
Ин бозии панҷуми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи "G" хоҳад буд.
Ин дидор дар Варзишгоҳи байналмилалии Уммон соати 22:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Як рӯз пеш дастаи Тоҷикистон тамрини ниҳоиро бомуваффақият анҷом дода, омода аст, ки бар зидди рақибони худ ба майдон барояд, хабар медиҳад ФФТ.
Ҷашнвораи футбол дар Душанбе ба  таври густурда таҷлил гардид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2024
Аз футбол зери мизу болои он то ҷаҳиши Роналду: Ҷашнвораи варзишӣ дар Душанбе - видео
Қарор аст, ки дар ин дидор мунтахаби Тоҷикистон бо либосҳои сурх ва мизбонон, тими миллии Урдун бо либосҳои сафед ба майдон оянд.
Дар нишасти қабл аз бозӣ, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе интизориҳои худро аз бозии мазкур ироа карда, онро ҳалкунанда номид.
"Моро ду бозии муҳим бо Урдун ва Покистон интизоранд, ки тақдири марҳилаи интихобиро ҳал хоҳанд кард. Дар Давҳа омодагии хуб доштем ва дастаи мо ба бозӣ бо тими Урдун омода аст",- гуфт Шекиладзе.
Ба гуфтаи муттахассис дастаҳо ҳамдигарро хуб мешиносанд, зеро тайи 7 моҳи ахир ду бозии муҳим доштанд.
"Урдун дастаи хеле хуб аст, хатти ҳамлаи қавӣ дорад ва ба таври шоиста ба финали Ҷоми Осиё баромад. Бозии сеюми мо бо Урдун ҳалкунанда хоҳад буд. Умедворам, ки маҳорати хуб нишон дода, ба натиҷаи мусбӣ ноил мешавем", - гуфт сармураббӣ
Лентаи хабарҳо
0