Қимати рубли Русия дар Тоҷикистон боз болотар рафт

© Sputnik / Стас ЭтвешМонеты, архивное фото
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2024
Обуна шудан
Нархи рубли Русия ва евро дар бозори арзи Тоҷикистон боло рафта, қурби асъори амрикоӣ баръакс майли поинравӣ дорад, иттилоъ дод Бонки миллии кишвар
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Қимати ҳазор рубли Русия дар Тоҷикистон121,2 сомонӣ расидааст, ки ин аз ҷониби бисёре аз шаҳрвандон хуш пазируфта мешавад.
Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, қурби ҳазор рубли Русия дар муқоиса ба рӯзи 0,6 сомонӣ афзоиш ёфтааст. Рӯзе қабл низ ҳазор рубл бо афзоиши беш аз 1,1 сомонӣ ба 120,6 сомонӣ баробар шуда буд.
Нархи доллари ИМА низ, ки рӯзе қабл боло рафта буд, ҳамакнун майли поинравӣ карда муодили 10.7603 сомонӣ шудааст, дар ҳоле, ки евро аз арзоншавӣ майл гаронӣ ниҳодаст.
Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон нархи пули аврупоӣ боло рафта, ба 11,6986 сомонӣ баробар шудаст.
Заглушка к инфографике Что изображено на купюре 1 сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2024
20 сомонӣ чиро фаро мегирад - тасвирбаён
Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва маблағро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0