https://sputnik.tj/20240604/tolibon-amirashon-khostaand-peshi-mardum-1063084174.html
Толибон* аз амирашон хостаанд, пеши мардум барояд
Толибон* аз амирашон хостаанд, пеши мардум барояд
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи Толибон*, онҳо мехоҳанд, ки раҳбарашон дар танҳоӣ кору зиндагӣ накунад ва пеши мардум барояд, ҳамон тавре, ки барои роҳбари давлат зарур аст
2024-06-04T10:45+0500
2024-06-04T10:45+0500
2024-06-04T11:37+0500
дар ҷаҳон
толибон
сиёсат
мулавӣ ҳайбатуллоҳ охунзода
талаб
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/04/1063084600_0:99:3071:1826_1920x0_80_0_0_54c7c090546662aa8382f5288c1ea0bf.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Толибон* аз амири худ хостаанд аз гӯшанишинӣ барояду бо мардум наздиктар шавад. Аъзои қатории гуруҳ суол гузоштаанд, ки чаро роҳбар бо мардум дар робита нест. Ин масъаларо котиби матбуотии амир дар як суҳбати хос ба миён гузошта, афзудааст, ки Ҳибатуллоҳ Охундзода барои чунин рафтори худ шариатро асос меорад, ки ин Толибон*-ро қонеъ накардааст, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон бо истинод ба Afghanistan International. Ба гуфтаи Толибон*, онҳо мехоҳанд, ки раҳбарашон дар танҳоӣ кору зиндагӣ накунад ва пеши мардум барояд, ҳамон тавре, ки барои роҳбари давлат зарур аст. Маврид ба зикр аст, ки толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли 2021 ғасб карда, аз ташкили аморати исломӣ хабар доданд. Эълон карданд, ки давлатро бар асоси қонунҳои шариат идора хоҳанд кард.Ҳибатуллоҳ Охундзода амир ва роҳбари давлат эълон гардида, аммо то ҳол дар пеши омма набаромадаст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва фаъолони Афғонистон аз ҳукуматдорони толиб дар ин кишвар ташкили ҳукумати ҳамашумул ва риояи ҳуқуқҳои бунёдии инсониро талаб доранд.*-созмон барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20240603/qazoqiston-tolibon-ruykhat-terroriston-khorich-1063077895.html
толибон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/04/1063084600_340:0:3071:2048_1920x0_80_0_0_6b98ee6a224727fe7dd7eb5481876a92.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
талаб, амир, гӯшанишинӣ, мардум, роҳбари давлат
талаб, амир, гӯшанишинӣ, мардум, роҳбари давлат
Толибон* аз амирашон хостаанд, пеши мардум барояд
10:45 04.06.2024 (Навсозишуда: 11:37 04.06.2024) Ба гуфтаи Толибон*, онҳо мехоҳанд, ки раҳбарашон дар танҳоӣ кору зиндагӣ накунад ва пеши мардум барояд, ҳамон тавре, ки барои роҳбари давлат зарур аст
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Толибон* аз амири худ хостаанд аз гӯшанишинӣ барояду бо мардум наздиктар шавад. Аъзои қатории гуруҳ суол гузоштаанд, ки чаро роҳбар бо мардум дар робита нест.
Ин масъаларо котиби матбуотии амир дар як суҳбати хос ба миён гузошта, афзудааст, ки Ҳибатуллоҳ Охундзода барои чунин рафтори худ шариатро асос меорад, ки ин Толибон*-ро қонеъ накардааст, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон бо истинод ба Afghanistan International.
Ба гуфтаи Толибон*, онҳо мехоҳанд, ки раҳбарашон дар танҳоӣ кору зиндагӣ накунад ва пеши мардум барояд, ҳамон тавре, ки барои роҳбари давлат зарур аст.
Маврид ба зикр аст, ки толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли 2021 ғасб карда, аз ташкили аморати исломӣ хабар доданд. Эълон карданд, ки давлатро бар асоси қонунҳои шариат идора хоҳанд кард.
Ҳибатуллоҳ Охундзода амир ва роҳбари давлат эълон гардида, аммо то ҳол дар пеши омма набаромадаст.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва фаъолони Афғонистон аз ҳукуматдорони толиб дар ин кишвар ташкили ҳукумати ҳамашумул ва риояи ҳуқуқҳои бунёдии инсониро талаб доранд.
*-созмон барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.