https://sputnik.tj/20240603/qazoqiston-tolibon-ruykhat-terroriston-khorich-1063077895.html
Қазоқистон Толибонро* аз руйхати террористон хориҷ кард: Тоқаев гуфт чаро?
Қазоқистон Толибонро* аз руйхати террористон хориҷ кард: Тоқаев гуфт чаро?
Sputnik Тоҷикистон
Қосимҷомарт Тоқаев таъкид кард, ки яке аз вазифаҳои стратегӣ дар марҳилаи кунунӣ ҷалби фаъоли Афғонистон дар робитаҳои байниминтақавӣ мебошад.
2024-06-03T18:35+0500
2024-06-03T18:35+0500
2024-06-03T19:59+0500
қазоқистон
толибон
терроризм
рӯйхат
қосим -жомарт тоқаев
осиёи марказӣ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/1c/1057405718_0:537:2574:1985_1920x0_80_0_0_30a0feb276b81d78bb4a944bdfebd83d.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Қазоқистон бо мақсади инкишоф додани ҳамкории иқтисодӣ бо Афғонистон "Толибон*-ро аз руйхати террористон хориҷ кард. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури ин кишвар гузориш медиҳад.Қайд карда мешавад, ки ин режими идоракунӣ омили дарозмуддат аст.Ба гуфтаи Тоқаев, яке аз вазифаҳои стратегӣ дар марҳилаи кунунӣ ҷалби фаъолонаи Афғонистон дар робитаҳои байниминтақавӣ мебошад. Тоқаев пешниҳод кард, ки талошҳои СПАД ба самтҳои муҳимтарин ва серталабии кор барои кишварҳои узв мутамаркиз шавад ва аҳамияти мавқеи ҳамоҳангшудаи кишварҳои иттиҳодияро таъкид кард. Сарвари давлат ҳамчунин ба дастгирии ташаббуси Қазоқистон дар бораи таъсиси Маркази минтақавии СММ оид ба ҳадафҳои рушди устувор барои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар Алмаато даъват кард. "Таъмини амнияти шаҳрвандони кишварҳои СПАД, андешидани чораҳои амалии муассир барои мубориза бо таҳдидҳои террористӣ зарур аст", - изҳор дошт ӯ. Ахиран, рӯзи 27 май, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, ки ташаббуси эҳтимолан хориҷ кардани Толибон* аз феҳристи созмонҳои террористӣ “дарки огоҳӣ аз воқеият аст”.*-созмон барои аъмоли террористӣ таҳти таҳримоти СММ аст
https://sputnik.tj/20240220/korshinos-tolibon-amniyatashon-nigaronand-1061784854.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/1c/1057405718_12:168:2519:2048_1920x0_80_0_0_ce9e6c5c0e045599a0026b2aab5cb559.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон толибон руйхат террористон хориҷ
қазоқистон толибон руйхат террористон хориҷ
Қазоқистон Толибонро* аз руйхати террористон хориҷ кард: Тоқаев гуфт чаро?
18:35 03.06.2024 (Навсозишуда: 19:59 03.06.2024) Қосимҷомарт Тоқаев таъкид кард, ки яке аз вазифаҳои стратегӣ дар марҳилаи кунунӣ ҷалби фаъоли Афғонистон дар робитаҳои байниминтақавӣ мебошад.
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Қазоқистон бо мақсади инкишоф додани ҳамкории иқтисодӣ бо Афғонистон "Толибон*-ро аз руйхати террористон хориҷ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури ин кишвар гузориш медиҳад.
Қайд карда мешавад, ки ин режими идоракунӣ омили дарозмуддат аст.
Ба гуфтаи Тоқаев, яке аз вазифаҳои стратегӣ дар марҳилаи кунунӣ ҷалби фаъолонаи Афғонистон дар робитаҳои байниминтақавӣ мебошад.
Тоқаев пешниҳод кард, ки талошҳои СПАД ба самтҳои муҳимтарин ва серталабии кор барои кишварҳои узв мутамаркиз шавад ва аҳамияти мавқеи ҳамоҳангшудаи кишварҳои иттиҳодияро таъкид кард.
Сарвари давлат ҳамчунин ба дастгирии ташаббуси Қазоқистон дар бораи таъсиси Маркази минтақавии СММ оид ба ҳадафҳои рушди устувор барои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар Алмаато даъват кард.
"Таъмини амнияти шаҳрвандони кишварҳои СПАД, андешидани чораҳои амалии муассир барои мубориза бо таҳдидҳои террористӣ зарур аст", - изҳор дошт ӯ.
Ахиран, рӯзи 27 май, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, ки ташаббуси эҳтимолан хориҷ кардани Толибон* аз феҳристи созмонҳои террористӣ “дарки огоҳӣ аз воқеият аст”.
*-созмон барои аъмоли террористӣ таҳти таҳримоти СММ аст