Нигаронӣ дар Ғарб аз шеваи басиҷи одамон дар Украина

© AFP 2023 / STEPHANE DE SAKUTINЛидер французской крайне правой партии "Патриоты" Флориан Филиппо. Архивное фото
Лидер французской крайне правой партии Патриоты Флориан Филиппо. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2024
Обуна шудан
Сиёсатмадори Фаронса ҳодисаро "одамрабоии даҳшатноки кӯчагӣ" номид ва ҳушдор дод, ки Ғарб бо пуштибонӣ аз Киев, мардуми Украинаро ба сӯйи нобудии комил мебарад
ДУШАНБЕ, 4 июн – Sputnik. Дар Фаронса кори комиссарони низомии Украинаро дида, даъват карданд, ки аз пуштибонӣ аз Киев даст кашанд.
Раҳбари ҳизби "Ватандӯстон"-и Фаронса ва номзад ба интихоботи порлумони Аврупо Флориан Филиппо аз Ғарб талаб кард, ки аз ҳимояти Украина даст кашад.
Ин сиёсатмадор дар бораи наворҳое аз Днепр, Одесса, Тернопил ва Киев, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ талош доранд, украинҳоро иҷборан барои басиҷ боздошт карда, мардумро ба автобус тела медиҳанд, шарҳ дод.
Кадры боевой работы миномета Тюльпан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Миномётҳои дақиқ як пойгоҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро хароб карданд - видео
Филиппо ин ҳодисаро "одамрабоии даҳшатноки кӯчагӣ" номид ва ҳушдор дод, ки Ғарб бо пуштибонӣ аз Киев, мардуми Украинаро ба сӯйи нобудии комил мебарад.
Қонун дар бораи таҳкими сафарбарсозӣ дар Украина аз 18 май ба иҷро даромад. Ҳуҷҷат ҳамаи шахсони ба хизмати ҳарбӣ муваззафшударо вазифадор мекунад, ки маълумоти худро дар комиссариати ҳарбӣ дар давоми 60 рӯз аз рӯзи эътибор пайдо карданаш таҷдид кунанд.
Барои ин зарур аст, ки ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шудан ё дар “ҳисоботи электронии даъватшаванда” сабти ном кардан зарур аст, ки тавассути он даъватнома низ фиристода мешавад. Даъватнома супурдашуда ба шумор меравад, ҳатто агар даъватшаванда онро надидаст.
Лентаи хабарҳо
0