Таҷлили бошукуҳ аз рӯзи кӯдакон дар Хуҷанд – видео

Обуна шудан
Дар чорабинӣ раиси вилоят ва раҳбари шаҳри Хуҷанд, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва дигар ашхоси расмӣ барои табрики кӯдакон ба “Наврӯзгоҳ” омаданд
Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии атфол, дар Хуҷанд садҳо кӯдаконро ҳамроҳ бо волидон, мураббияҳои боғча ва омӯзгорони макотиб гирди ҳам овард.
Имсол ба фарқ аз солҳои қаблӣ иди кӯдакон дар истироҳатгоҳи “Наврӯзгоҳ” дар канори руди Сир ҷашн гирифта шуд ва аз субҳи содиқ ин макон пур аз атфоли гуногунсол буд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба чорабинии Рӯзи ҳифзи кӯдакон дар Хуҷанд ширкат кард ва лаҳзаҳое аз онро ба навор гирифт.
День защиты детей в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2024
Рустами Эмомалӣ тоҷикистониёнро ба Рӯзи ҳифзи кӯдакон шодбош гуфт
Тарбиятгирандагони боғча ва макотиби навоҳии Суғд, дар рӯзи идашон маҳфилу барномаҳои хуби фарҳангӣ аз ҷумлаи суруду таронахонӣ, доираву таблакзанӣ, рақс, расмкашӣ ва бозиҳои варзиширо пешкаши иштирокдорон гардонида ба чорабинӣ шукӯҳ бахшиданд.
Баъзе аз волидони атфол дар суҳбати сарироҳӣ гуфтанд, ки ба баҳонаи Рӯзи 1 уми июн, онҳо фориғ аз кору ташвишҳои рӯзгор ҳамроҳ бо кӯдакон ба кӯчаву бозор мераванд ва шодии кӯдакон онҳоро хушҳол мегардонад.
Мудири бахши васият ва парастории кӯдак дар ҳукумати вилояти Суғд, Мадинахон Салимзода дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки зимнан дар қаламрави вилоят беш аз як миллион кӯдакони то 18 – сола ба сар мебаранд.
Ин масъули ҳукумати Суғд, таъкид кард, ки таҷлили Рӯзи кӯдакон василаест, ки таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа барои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва таъмини ҳаёти арзанда барои рушди ҳамаҷонибаи атфол бештар равона шавад.
Дети собирают конфеты по обычаю идгардак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2024
Идгардаки кӯдакон дар Тоҷикистон расман манъ шуд
Дар чорабинӣ Рӯзи ҳифзи кӯдакон дар Хуҷанд, раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Хуҷанд, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва дигар масъулони ҳукумат барои табрики кӯдакон ба “Наврӯзгоҳ” омада ба шуморе аз атфол тӯҳфаҳо тақдим намуданд.
Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 1954 бо қабули қатънома таҷлили Рӯзи кӯдаконро қабул кардааст, ки ҳадафи ин ид беҳтар намудани рушду беҳдошти кӯдакон дар кишварҳо арзёбӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0