https://sputnik.tj/20240515/idgardak-tojikiston-rasman-man-1062842713.html
Идгардаки кӯдакон дар Тоҷикистон расман манъ шуд
Идгардаки кӯдакон дар Тоҷикистон расман манъ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Кумитаи дин сабаби манъ кардани идгардаки кӯдакон дар Тоҷикистон "ба тарбияи дурусти кӯдакон ва таъмини бехатарии онҳо" рабт дод 15.05.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-05-15T13:49+0500
2024-05-15T13:49+0500
2024-05-15T13:49+0500
дар тоҷикистон
дин ва оин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102962/59/1029625980_0:228:3000:1916_1920x0_80_0_0_ae644c3e969e5fae4f28f41a87228d14.jpg
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон акнун расман идгардаки кӯдакон дар идҳои Рамазон ва Қурбон манъ шуд.Дар ин бора нашрияи парлумонии "Садои мардум" хабар дода, таъкид намуд, ки тағйиру иловаҳои нав ба Қонун "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон" зимни як ҷаласа дар парлумон баррасӣ гардид.Дар ҷаласа Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин ҷузъиёти тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкурро шарҳ дода, гуфтааст, ки таҳрири нав ба талаботи замон ҷавобгӯ аст.Ҳамин тариқ, тибқи иловаву тағйироти нав дар асоси моддаи 9-и лоиҳаи Қонун "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон" дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ карда шуд.Давлатзода иллати манъ кардани идгардакро ба таъмини амнияти кӯдакон ва тарбияи дурусти онҳо рабт дода, гуфтааст, ки дар кишварҳои дигар идгардак да шакли мавҷуда мушоҳида намешавад.Ёдовар мешавем, моҳи гузашта дар арафаи анҷомёбӣии моҳи шарифи Рамазон Вазорати маориф дар як дастур аз омӯзгорон хост то аз идгардаки кӯдакон ҷилавгирӣ кунанд. “Ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани маросим ё анъанаҳои “идгардак”, ки дар рӯзҳои идҳои Қурбон ва Рамазон аз ҷониби калонсолони ва кӯдакони хонавода ва ҳамсояҳо доир мегардад ва хоси мо нест, тадбирҳо андешида шаванд”-омада буд дар баёнияи вазорат.Чанде аз падару модарон дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон аз он гуфтанд, ки барои ба “идгардак” нарафтани фарзандонашон аз ҷониби омӯзгорон огоҳӣ гирифтаанд. Мақомот бар ин боварданд, ки идгардак хоси мардуми тоҷик нест, вале бархе аз шаҳрвандон изҳор доштанд, ки ин иқдом кӯдаконро аз шодӣ маҳрум мекунад.
https://sputnik.tj/20240408/man-idgardak-tojikiston-maqomot-khos-mardum-1062375607.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102962/59/1029625980_128:0:2795:2000_1920x0_80_0_0_9b42991538178d31aefbf688f1954f0f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, дин ва оин
дар тоҷикистон, дин ва оин
Идгардаки кӯдакон дар Тоҷикистон расман манъ шуд
Раиси Кумитаи дин сабаби манъ кардани идгардаки кӯдакон дар Тоҷикистон "ба тарбияи дурусти кӯдакон ва таъмини бехатарии онҳо" рабт дод
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон акнун расман идгардаки кӯдакон дар идҳои Рамазон ва Қурбон манъ шуд.
Дар ин бора нашрияи парлумонии "Садои мардум" хабар дода, таъкид намуд, ки тағйиру иловаҳои нав ба Қонун "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон" зимни як ҷаласа дар парлумон баррасӣ гардид.
Дар ҷаласа Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин ҷузъиёти тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкурро шарҳ дода, гуфтааст, ки таҳрири нав ба талаботи замон ҷавобгӯ аст.
Ҳамин тариқ, тибқи иловаву тағйироти нав дар асоси моддаи 9-и лоиҳаи Қонун "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон" дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ карда шуд.
Давлатзода иллати манъ кардани идгардакро ба таъмини амнияти кӯдакон ва тарбияи дурусти онҳо рабт дода, гуфтааст, ки дар кишварҳои дигар идгардак да шакли мавҷуда мушоҳида намешавад.
Ёдовар мешавем, моҳи гузашта дар арафаи анҷомёбӣии моҳи шарифи Рамазон Вазорати маориф дар як дастур аз омӯзгорон хост то аз идгардаки кӯдакон ҷилавгирӣ кунанд.
“Ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани маросим ё анъанаҳои “идгардак”, ки дар рӯзҳои идҳои Қурбон ва Рамазон аз ҷониби калонсолони ва кӯдакони хонавода ва ҳамсояҳо доир мегардад ва хоси мо нест, тадбирҳо андешида шаванд”-омада буд дар баёнияи вазорат.
Чанде аз падару модарон дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон аз он гуфтанд, ки барои ба “идгардак” нарафтани фарзандонашон аз ҷониби омӯзгорон огоҳӣ гирифтаанд.
Мақомот бар ин боварданд, ки идгардак хоси мардуми тоҷик нест, вале бархе аз шаҳрвандон изҳор доштанд, ки ин иқдом кӯдаконро аз шодӣ маҳрум мекунад.