Дар Алмаато раисони порлумонҳои Тоҷикистону Русия мулоқот карданд

© Foto / Пресс-служба Рустама ЭмомалиРустам Эмомали и Вячеслав Володин
Рустам Эмомали и Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2024
Обуна шудан
Дар нишасти СПАД Рустами Эмомалӣ ва Вячеслав Володин ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистонро баррасӣ ва дурнамои онро арзёбӣ карданд.
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Дар Алмаато мулоқоти ғайринавбатии раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин баргузор шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки музокирот дар чаҳорчӯби ҷаласаи Ассамблеяи парлумонии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ сурат гирифтааст. Зимни суҳбат вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити дуҷонибаи Маскав ва Душанбе, инчунин самтҳои афзалиятноки муносибатҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла дар доираи СПАД арзёбӣ шуданд.
Дафтари матбуоти Рустами Эмомалӣ хабар медиҳад, ки ҷонибҳо ҳамчунин доир ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд анҷом доданд. Ёдовар мешавем, ки раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок мекунад. Ба рӯзномаи ҷаласа мутобиқсозии қонунгузорӣ ва дигар масъалаҳо шомиланд, таъкид кард хадамоти матбуоти.
Лентаи хабарҳо
0