https://sputnik.tj/20240603/korkhona-qolinbofi-qayroqqum-niyat-sodirotro-afzoish-1063073450.html
Корхонаи номдори қолинбофии Қайроққум ният дорад ҳаҷми содиротро афзоиш диҳад
Корхонаи номдори қолинбофии Қайроққум ният дорад ҳаҷми содиротро афзоиш диҳад
Sputnik Тоҷикистон
Дар ин корхона беш аз 100 намуди қолин истеҳсол шуда, истеҳсоли он барои ивази воридот равона шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.
2024-06-03T13:14+0500
2024-06-03T13:14+0500
2024-06-03T20:03+0500
дар тоҷикистон
саноат
қайроқум
содирот
қолинбофӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/1a/1060171772_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_b8466f5c75b9c81165446b94f12a5440.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Корхонаи қолинбофии Қайроққум ният дорад, ки ҳаҷми содироти маҳсулотро зиёд кунад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар пайи боздидаш аз ин корхона хабар дод. Гуфта мешавад, ки "Қолинҳои Қайроққум" аллакай ба маблағи 950 ҳазор доллар маҳсулот ба хориҷ содир кардааст.Барои ноил шудан ба ҳадаф ва афзоиши интиқоли маҳсулот ба хориҷа ширкат бо шарикони хориҷӣ ба маблағи 10 миллион доллар шартнома баст. Ҳоло дар комбинат зиёда аз 100 хел қолинҳои ҳаҷму сифатҳои гуногун истеҳсол карда мешавад. Фаъолияти он комилан ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот нигаронида шудааст. Иқтидори истеҳсолӣ зиёда аз 2 млн метри мураббаъ мебошад.Ёдовар мешавем, ки бузургтарин корхонаи тавлиди Тоҷикистон дар Гулистон воқеъ аст.Он дар замони шӯравӣ соли 1957 сохта шуда, моҳи марти соли 1960 аввалин қолинҳояшро истеҳсол кард.
https://sputnik.tj/20240521/sodiroti-mevai-tar-sughd-rusiya-1062912026.html
қайроқум
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/1a/1060171772_142:0:2871:2047_1920x0_80_0_0_a098e1f279af80029f172d05d761df17.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
корхона номдор қолинбоф қайроққум ҳаҷми содирот афзоиш
корхона номдор қолинбоф қайроққум ҳаҷми содирот афзоиш
Корхонаи номдори қолинбофии Қайроққум ният дорад ҳаҷми содиротро афзоиш диҳад
13:14 03.06.2024 (Навсозишуда: 20:03 03.06.2024) Дар ин корхона беш аз 100 намуди қолин истеҳсол шуда, истеҳсоли он барои ивази воридот равона шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Корхонаи қолинбофии Қайроққум ният дорад, ки ҳаҷми содироти маҳсулотро зиёд кунад.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар пайи боздидаш аз ин корхона хабар дод.
Гуфта мешавад, ки "Қолинҳои Қайроққум" аллакай ба маблағи 950 ҳазор доллар маҳсулот ба хориҷ содир кардааст.
Барои ноил шудан ба ҳадаф ва афзоиши интиқоли маҳсулот ба хориҷа ширкат бо шарикони хориҷӣ ба маблағи 10 миллион доллар шартнома баст.
Ҳоло дар комбинат зиёда аз 100 хел қолинҳои ҳаҷму сифатҳои гуногун истеҳсол карда мешавад.
Фаъолияти он комилан ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот нигаронида шудааст.
Иқтидори истеҳсолӣ зиёда аз 2 млн метри мураббаъ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки бузургтарин корхонаи тавлиди Тоҷикистон дар Гулистон воқеъ аст.
Он дар замони шӯравӣ соли 1957 сохта шуда, моҳи марти соли 1960 аввалин қолинҳояшро истеҳсол кард.