https://sputnik.tj/20240521/sodiroti-mevai-tar-sughd-rusiya-1062912026.html
Содироти меваи тар аз Суғд ба Русия оғоз шуд
Содироти меваи тар аз Суғд ба Русия оғоз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамарӯза то 10 адад нақлиёти боркаши калонҳаҷм барои содир намудани зардолуи пешпазак ба кишварҳои хориҷӣ вориди ноҳияи Ашт мешаванд
2024-05-21T16:28+0500
2024-05-21T16:28+0500
2024-05-21T17:53+0500
дар тоҷикистон
содирот
мева
суғд
зардолу
ашт
савдо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1a/1057922152_0:335:2864:1946_1920x0_80_0_0_5e8894701fe818741dc7902acef8881e.jpg
ДУШАНБЕ, 21 май – Sputnik. Давоми як ҳафтаи охир беш 300 тон зардолуи пешпазак аз ноҳияи Ашт ба кишварҳои Русия ва Қазоқистон содир шудааст. Соли ҷорӣ ҳосили зардолу фаровон буда, боғдорон азм доранд, ки таъминоти бозорҳои дохилӣ ва ҳам содирот ба кишварҳои хориҷӣ бо чунин навъ тармеваи пешпазакро бештар кунанд, гуфт сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ашт, Бахтиёр Усмонов ба Sputnik Тоҷикистон."Дар маркази ноҳияи Ашт, равзанаи ягонаи амалиёти содиротӣ ва барасмиятдарории гумрукии маҳсулоти содиршаванда ташкил карда шудааст. Ин тасмим ба афзоиши суръати содироти тармева имконият фароҳам мекунад", - гуфт Усмонов. Ноҳияи Ашт, яке аз калонтарин ноҳияҳои зардолупарвари шимоли Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки мавсими ғунучини тармева аз ҳама барвақт оғоз мешавад. Бино ба иттилои сардори Раёсати кишоварзӣ, зимнан дар ноҳияи Ашт 20 ҳазор га зардолузор мавҷуд буда, аз он беш аз 12 ҳазор га боғҳои ҳосилдиҳанда мебошад. Соли 2023 аз ин ноҳия 3, 8 ҳазор тон зардолу ба хориҷи кишвар умдатан ба Русия, Белорусия ва Қазоқистон содир карда шудааст. Бино ба мушоҳидаи хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ҳоло як кило зардолуи тар дар бозорҳои вилояти Суғд вобаста ба навъ ва сифат 6 – 8 то 10 сомонӣ фурухта мешавад. Зимнан ҷамъи боғҳои ҳосилдиҳандаи зардолу дар навоҳии Суғд ба беш аз 30 ҳазор га баробар шудааст. Зардолуҳои Суғд борҳо дар озмунҳои байнулмиллалии молу маҳсулоти беҳтарини кишоварзӣ мақомҳои баланд гирифтаанд ва аз ин лиҳоз талабот ба он дар хориҷи кишвар бештар аст.
https://sputnik.tj/20240407/tojikiston-rusiya-piyozi-barvaqti-sodirot-1062369909.html
суғд
ашт
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1a/1057922152_34:0:2763:2047_1920x0_80_0_0_8441e212cce61505ae8e77f7922131c0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
содирот, зардолу, тоҷикистон, русия, калонҳаҷм
содирот, зардолу, тоҷикистон, русия, калонҳаҷм
Содироти меваи тар аз Суғд ба Русия оғоз шуд
16:28 21.05.2024 (Навсозишуда: 17:53 21.05.2024) Ҳамарӯза то 10 адад нақлиёти боркаши калонҳаҷм барои содир намудани зардолуи пешпазак ба кишварҳои хориҷӣ вориди ноҳияи Ашт мешаванд
ДУШАНБЕ, 21 май – Sputnik. Давоми як ҳафтаи охир беш 300 тон зардолуи пешпазак аз ноҳияи Ашт ба кишварҳои Русия ва Қазоқистон содир шудааст.
Соли ҷорӣ ҳосили зардолу фаровон буда, боғдорон азм доранд, ки таъминоти бозорҳои дохилӣ ва ҳам содирот ба кишварҳои хориҷӣ бо чунин навъ тармеваи пешпазакро бештар кунанд, гуфт сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ашт, Бахтиёр Усмонов ба Sputnik Тоҷикистон.
"Дар маркази ноҳияи Ашт, равзанаи ягонаи амалиёти содиротӣ ва барасмиятдарории гумрукии маҳсулоти содиршаванда ташкил карда шудааст. Ин тасмим ба афзоиши суръати содироти тармева имконият фароҳам мекунад", - гуфт Усмонов.
Ноҳияи Ашт, яке аз калонтарин ноҳияҳои зардолупарвари шимоли Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки мавсими ғунучини тармева аз ҳама барвақт оғоз мешавад.
Бино ба иттилои сардори Раёсати кишоварзӣ, зимнан дар ноҳияи Ашт 20 ҳазор га зардолузор мавҷуд буда, аз он беш аз 12 ҳазор га боғҳои ҳосилдиҳанда мебошад.
Соли 2023 аз ин ноҳия 3, 8 ҳазор тон зардолу ба хориҷи кишвар умдатан ба Русия, Белорусия ва Қазоқистон содир карда шудааст.
Бино ба мушоҳидаи хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ҳоло як кило зардолуи тар дар бозорҳои вилояти Суғд вобаста ба навъ ва сифат 6 – 8 то 10 сомонӣ фурухта мешавад.
Зимнан ҷамъи боғҳои ҳосилдиҳандаи зардолу дар навоҳии Суғд ба беш аз 30 ҳазор га баробар шудааст.
Зардолуҳои Суғд борҳо дар озмунҳои байнулмиллалии молу маҳсулоти беҳтарини кишоварзӣ мақомҳои баланд гирифтаанд ва аз ин лиҳоз талабот ба он дар хориҷи кишвар бештар аст.