https://sputnik.tj/20240601/vazorat-muhojirat-shahrvandon-kam-joy-kor-ziyod-1063054977.html
Вазорат мегӯяд, муҳоҷирати шаҳрвандон камтар шудааст: ҷойи корӣ зиёд мешавад
Вазорат мегӯяд, муҳоҷирати шаҳрвандон камтар шудааст: ҷойи корӣ зиёд мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Бинобар афзоиши аҳолӣ Тоҷикистонро зарур аст, ки ҷиҳати қонеъ гардондани талаботи аҳолӣ ба шуғл ҳар сол зиёда аз 100 ҳазор ҷойи кори нав фароҳам кунад
2024-06-01T10:33+0500
2024-06-01T10:33+0500
2024-06-01T10:33+0500
дар тоҷикистон
вазорати меҳнат
ҷойи кор
эълони ҷойи кор
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/18/1032516063_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_2d410597b8010e9af1eb7c563c2e8a31.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон қасд доранд, ки соли ҷорӣ беш аз 250 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам созанд.Ин ба хотири коҳиш додани мизони муҳоҷират ва дар кишвар фароҳам кардани шароити кору зиндагӣ ба сокинон аст, гуфтааст, Қиёмиддин Давлатзода, муовини вазири меҳнат муҳоҷират ба нашрияи “Ҷумҳурият”.Ба иттилои манбаъ, дар кишвар шумораи аҳолии қобили меҳнат мунтазам рӯ ба афзоиш дошта, дар панҷ соли охир 8,4 дарсад зиёд гардид. Инчунин, суръати афзоиши аҳолӣ нисбат ба суръати афзоиши қувваи корӣ 2,5 баробар зиёд мебошад. Бинобар ин, ҷиҳати қонеъ гардондани талаботи аҳолӣ ба шуғл зарур аст, ки ҳар сол дар ҷумҳурӣ зиёда аз 100 ҳазор ҷойи кори нав таъсис ёбад.Тибқи маълумотҳои Хадамоти муҳоҷират, дар се моҳи соли равон аз ҷумҳурӣ беш аз 190 ҳазор шаҳрванди кишвар ба муҳоҷират рафтаанд, ки аз ин 180 ҳазор нафарро Русия қабул кардааст . Гуфта мешавад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа 74 486 нафар ё ин ки 28% коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи Иматшо Нодирзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, мизони коҳиш ба ташкилу дарёфти ҷойҳои кории нав ва ташкили манобеи корӣ дар дохили кишвар рабт дорад.Ӯ аз он гила дорад, ки тибқи таҳлилҳо аксари маврид муҳоҷирон барои беҳбуди кори худ ба Вазорат ё ниҳодҳои дахлдор муроҷиат намекунанд ва аз будани сохторҳои дахлдор ба таври бояду шояд ҳанӯз воқиф нестанд. Ба гуфтаи вай, оид ба донистани забони давлати қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби вазорат курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва кореягӣ ройгон ба роҳ монда шудааст, ки хоҳишмандони зиёде ба омӯзиш машғуланд. Ба таъкиди Нодирзода онҳо ҳамчунин дар гузаргоҳҳо муҳоҷиринро оид ба қонунгузориҳои давлатҳои қабулкунанда, донистани забон, фарҳанг, таърих, расму ойин, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ мефаҳмонанд.
https://sputnik.tj/20240529/sokinoni-sughd-beshtar-kishvarho-muhojirat-1063016216.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/18/1032516063_351:0:3072:2041_1920x0_80_0_0_12b571a318558913860f6d784a025f88.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазорат муҳоҷират шаҳрвандон камтар шудааст ҷой корӣ
вазорат муҳоҷират шаҳрвандон камтар шудааст ҷой корӣ
Вазорат мегӯяд, муҳоҷирати шаҳрвандон камтар шудааст: ҷойи корӣ зиёд мешавад
Бинобар афзоиши аҳолӣ Тоҷикистонро зарур аст, ки ҷиҳати қонеъ гардондани талаботи аҳолӣ ба шуғл ҳар сол зиёда аз 100 ҳазор ҷойи кори нав фароҳам кунад
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон қасд доранд, ки соли ҷорӣ беш аз 250 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам созанд.
Ин ба хотири коҳиш додани мизони муҳоҷират ва дар кишвар фароҳам кардани шароити кору зиндагӣ ба сокинон аст, гуфтааст, Қиёмиддин Давлатзода, муовини вазири меҳнат муҳоҷират ба нашрияи “Ҷумҳурият”.
Ба иттилои манбаъ, дар кишвар шумораи аҳолии қобили меҳнат мунтазам рӯ ба афзоиш дошта, дар панҷ соли охир 8,4 дарсад зиёд гардид.
Инчунин, суръати афзоиши аҳолӣ нисбат ба суръати афзоиши қувваи корӣ 2,5 баробар зиёд мебошад. Бинобар ин, ҷиҳати қонеъ гардондани талаботи аҳолӣ ба шуғл зарур аст, ки ҳар сол дар ҷумҳурӣ зиёда аз 100 ҳазор ҷойи кори нав таъсис ёбад.
Тибқи маълумотҳои Хадамоти муҳоҷират, дар се моҳи соли равон аз ҷумҳурӣ беш аз 190 ҳазор шаҳрванди кишвар ба муҳоҷират рафтаанд, ки аз ин 180 ҳазор нафарро Русия қабул кардааст .
Гуфта мешавад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа 74 486 нафар ё ин ки 28% коҳиш ёфтааст.
Ба гуфтаи Иматшо Нодирзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, мизони коҳиш ба ташкилу дарёфти ҷойҳои кории нав ва ташкили манобеи корӣ дар дохили кишвар рабт дорад.
Ӯ аз он гила дорад, ки тибқи таҳлилҳо аксари маврид муҳоҷирон барои беҳбуди кори худ ба Вазорат ё ниҳодҳои дахлдор муроҷиат намекунанд ва аз будани сохторҳои дахлдор ба таври бояду шояд ҳанӯз воқиф нестанд.
"Дар натиҷа, бештари нафароне, ки рӯ ба муҳоҷират меоранд, аз надоштани касб ва шуғли асосӣ ба корҳои вазнини ҷисмонӣ ё дигар фаъолияти музднок машғул мешаванд",- афзуд манбаъ.
Ба гуфтаи вай, оид ба донистани забони давлати қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби вазорат курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва кореягӣ ройгон ба роҳ монда шудааст, ки хоҳишмандони зиёде ба омӯзиш машғуланд.
Ба таъкиди Нодирзода онҳо ҳамчунин дар гузаргоҳҳо муҳоҷиринро оид ба қонунгузориҳои давлатҳои қабулкунанда, донистани забон, фарҳанг, таърих, расму ойин, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ мефаҳмонанд.