Лавров аз эҳёи миллатгароӣ дар як қатор кишварҳои ғарбӣ гуфт

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкИнтервью Сергея Лаврова радиостанциям Sputnik, "Комсомольская правда" и "Говорит Москва"
Интервью Сергея Лаврова радиостанциям Sputnik, Комсомольская правда и Говорит Москва - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2024
Обуна шудан
Мубориза бо ситоиши миллатгароӣ ва бознигарии натоиҷи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ яке аз муҳимтарин вазифаҳои дипломатияи Русия аст, таъкид кард раҳбари вазорати хориҷаи Русия
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Миллатгароӣ дар як қатор мамлакатҳои Ғарб аз нав эҳё мешавад.
Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар мусоҳибае барои лоиҳаи "Бе мӯҳлатҳои маҳдудият" изҳор дошт. Дар ин бора дар вебсайти Вазорати корҳои хориҷии Русия нашр шудааст.
Ба ақидаи ӯ, ин дар ҳолест, ки онҳо зидди қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи мубориза бо ситоиши нозигароӣ овоз медиҳанд.
"Мутаассифона, ки пас аз оғози амалиёти вижаи низомӣ алайҳи нозигарӣ дар Украина кишварҳои аврупоӣ, ки дар Ассамблеяи Генералӣ аз қатъномаи мубориза бо ситоиши миллатгароӣ худдорӣ карданд, ба муқобили он овозд доданд", - қайд намуд вазири корҳои хориҷии Русия.
Вай қайд кард, ки Олмон, Ҷопон ва Италия ин корро мекунанд. Кишварҳое, ки пас аз тавбаашон, ки дигарбора чунин корро намекунанд ба Созмони Милали Муттаҳид қабул шуда буданд.
"Миллатгароӣ то ҳол эҳё мешавад", - таъкид кард вазир.
Ҳамзамон, Лавров таъкид кард, ки мубориза бо ситоиши натсизм ва бознигарии натоиҷи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, барои ҳифзи хотираи таърихӣ аз муҳимтарин вазифаҳои дипломатияи Русия аст.
Встреча главы МИД РФ С. Лаврова с главами аккредитованных в Москве дипмиссий - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2024
Лавров: ИМА ба оташи низоъ дар Ховари Миёна равған мерезад
"Ба назар чунин менамуд, ки трибунали Нюрнберг бо истифода аз усулҳои тамоман ғайриинсонӣ ба баҳсу мунозира дар бораи кӣ ҳақ ва кӣ ноҳақ, кӣ барои кори одилона ва кӣ барои ҳукмронии ҷаҳон мубориза мебурд, хотима дод. Дар айни ҳол кӯшишҳои аз нав навиштани таърих, баробар кардани музаффариятҳои алайҳи натсизм бо худи фашизм баробар кардани он идома дорад. Ин махсусан дар мисоли Украина равшан дида мешавад. Аз ин рӯ, корҳои фаҳмондадиҳие, ки аз ҷониби созмонҳои ҷамъиятии мо, Вазорати корҳои хориҷии Русия ва дигар сохторҳо гузаронида мешаванд, хеле муҳим аст", - таъкид кард вазир.
Ӯ қайд кард, ки ҳанӯз дар Русия ва берун аз он дар манотиқи гуногуни мамлакати мо дафнҳои нави қурбониёни ҷинояткорони гитлерӣ кушода мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0