https://sputnik.tj/20240513/buzurgtarin-lula-obguzari-nohiya-zafarobod-1062826350.html
Бузургтарин лӯлаи обгузари ноҳияи Зафаробод кафидааст: Шарҳи мақомот - видео
Бузургтарин лӯлаи обгузари ноҳияи Зафаробод кафидааст: Шарҳи мақомот - видео
Sputnik Тоҷикистон
Бар асари рухдоди садама дар калонтарин қубури обгузар ё “СМУ 26” се рӯз ба ин тараф руду ҷӯйборҳои ноҳияи Зафаробод хушк мондаанд
2024-05-13T12:12+0500
2024-05-13T12:12+0500
2024-05-13T12:40+0500
дар тоҷикистон
беобӣ
кишоварзӣ
садама
об
садама
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/18/1050919136_0:53:3071:1780_1920x0_80_0_0_878a3d0c4b8b661502d747cacdde3a70.jpg
ДУШАНБЕ, 13 май – Sputnik. Корҳои бартарафкунии садама дар қубури обгузари ноҳияи Зафаробод идома дорад, изҳор дошт сардори Раёсати кишоварзии ноҳия, Раҳим Ашурзода дар таъйиди хабар ба Sputnik Тоҷикистон. Бино ба иттилои манбаъ, садама чанде пеш аз ҳисоби якбора хомӯш шудани барқ рух додааст."Дар натиҷаи ноогоҳона хомӯш намудани барқ, кори муҳаррики пойгоҳи обкашӣ қатъ шуд ва оби дохили қубурбуда чанд ҷойи васлшавии онро рахна кардааст", - гуфт манбаъ.Қубури обгузари “СМУ 26” ягона лӯлаест, ки барориши аввали обрасонӣ дар ноҳияи Зафаробод тавассути он сурат мегирад. Ин иншоот обро аз Сирдарё кашида ба ду наҳри дигар интиқол медиҳад ва ҳамин тавр об ба киштзорҳои ин ноҳияи кишоварзии Тоҷикистон расонида мешавад. “СМУ 26” дар солҳои 70-уми замони Шӯравӣ сохта шудааст.Зафаробод аз шумори ноҳияҳои кишоварзии Тоҷикистон шумурда мешавад, ки бино ба омори расмӣ дар он беш аз 30 ҳазор га замин кишту парвариш карда мешавад.Деҳқонон дар ноҳияи Зафаробод мегӯянд, дафъаҳои охир бинобар фарсудашавии иншооти муҳими обрасонӣ, садамаҳо зуд - зуд рух медиҳад ва сабаби беобмонии киштзорҳо мегардад.
https://sputnik.tj/20240501/mahsuloti-strategi-kishti-pakhta-tojikiston-arqom-1062680387.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/18/1050919136_39:0:2770:2048_1920x0_80_0_0_86ddd8e7225c59835011cf5bbd90b9cd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
беобӣ, зафаробод, ноҳия, беобӣ, хушк
беобӣ, зафаробод, ноҳия, беобӣ, хушк
Бузургтарин лӯлаи обгузари ноҳияи Зафаробод кафидааст: Шарҳи мақомот - видео
12:12 13.05.2024 (Навсозишуда: 12:40 13.05.2024) Бар асари рухдоди садама дар калонтарин қубури обгузар ё “СМУ 26” се рӯз ба ин тараф руду ҷӯйборҳои ноҳияи Зафаробод хушк мондаанд
ДУШАНБЕ, 13 май – Sputnik. Корҳои бартарафкунии садама дар қубури обгузари ноҳияи Зафаробод идома дорад, изҳор дошт сардори Раёсати кишоварзии ноҳия, Раҳим Ашурзода дар таъйиди хабар ба Sputnik Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, садама чанде пеш аз ҳисоби якбора хомӯш шудани барқ рух додааст.
"Дар натиҷаи ноогоҳона хомӯш намудани барқ, кори муҳаррики пойгоҳи обкашӣ қатъ шуд ва оби дохили қубурбуда чанд ҷойи васлшавии онро рахна кардааст", - гуфт манбаъ.
Қубури обгузари “СМУ 26” ягона лӯлаест, ки барориши аввали обрасонӣ дар ноҳияи Зафаробод тавассути он сурат мегирад.
Ин иншоот обро аз Сирдарё кашида ба ду наҳри дигар интиқол медиҳад ва ҳамин тавр об ба киштзорҳои ин ноҳияи кишоварзии Тоҷикистон расонида мешавад. “СМУ 26” дар солҳои 70-уми замони Шӯравӣ сохта шудааст.
Зафаробод аз шумори ноҳияҳои кишоварзии Тоҷикистон шумурда мешавад, ки бино ба омори расмӣ дар он беш аз 30 ҳазор га замин кишту парвариш карда мешавад.
Деҳқонон дар ноҳияи Зафаробод мегӯянд, дафъаҳои охир бинобар фарсудашавии иншооти муҳими обрасонӣ, садамаҳо зуд - зуд рух медиҳад ва сабаби беобмонии киштзорҳо мегардад.