https://sputnik.tj/20240531/taghyirot-taqvimi-ruz-koru-istirohati-tojikiston-1063052804.html
Ҳукумат рӯзҳои корию истироҳати тоҷикистониён дар июнро тағйир дод - тақвим
Ҳукумат рӯзҳои корию истироҳати тоҷикистониён дар июнро тағйир дод - тақвим
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистониён дар моҳи аввали тобистон ду иди калон, яке Рӯзи Ваҳдат ва дигаре иди Қурбонро таҷлил хоҳанд кард. Дар умум 12 рӯз истироҳат хоҳанд дошт
2024-05-31T18:01+0500
2024-05-31T18:01+0500
2024-05-31T18:01+0500
дар тоҷикистон
тасвирбаён
истироҳат
таҷлил
ҷашн
ваҳдати миллӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/1f/1060255406_0:0:1333:749_1920x0_80_0_0_405e43a18634f27be5a734d96c345621.jpg
Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи истироҳати шанбеи 22 июнро ба рӯзи ҷумъаи 28 июн гузаронд. Бар асоси ин қарор ҳафтаи охири июн ҳамагӣ се рӯзи корӣ хоҳад дошту тоҷикистониён 4 рӯз пайиҳам аз 27 то 30 июн истироҳат хоҳанд дошт. Тоҷикистон 27 июн Рӯзи Ваҳдатро таҷлил мекунанд, ки истироҳатӣ мебошад. Инчунин таҷлили иди Қурбон дар назар аст, ки санаи дақиқи онро Шӯрои уламои Тоҷикистон баъдан мушаххас хоҳад кард. Дар умум аз 30 рӯзи июн интизор меравад, ки тоҷикистониён бо назардошти иди Қурбон 12 рӯз истироҳат хоҳанд кард. Тақвими кору истироҳат дар моҳи июн дар РусияТоҷикистониён 27-умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ҷашн мегиранд.Маҳз дар ҳамин рӯз 27 сол қабл Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва марҳум Саид Абдуллои Нурӣ, роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро имзо намуданд.Ин сана расман хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки 5 сол - аз майи соли 1992 то 27 июни соли 1997 давом кард.Рӯзи 27 июн, бар асоси қонуни Тоҷикистон дар бораи идҳо, чун Рӯзи ваҳдати миллӣ ва яке аз идҳои давлатии муҳим эълон гардидаст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/1f/1060255406_164:0:1163:749_1920x0_80_0_0_ee6fb73fa0834711c251fdceae18c7fb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тақвим, кор, тоҷикистон, истироҳат, ваҳдат, қурбон, таҷлил
тақвим, кор, тоҷикистон, истироҳат, ваҳдат, қурбон, таҷлил
Ҳукумат рӯзҳои корию истироҳати тоҷикистониён дар июнро тағйир дод - тақвим
Тоҷикистониён дар моҳи аввали тобистон ду иди калон, яке Рӯзи Ваҳдат ва дигаре иди Қурбонро таҷлил хоҳанд кард. Дар умум 12 рӯз истироҳат хоҳанд дошт
Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи истироҳати шанбеи 22 июнро ба рӯзи ҷумъаи 28 июн гузаронд. Бар асоси ин қарор ҳафтаи охири июн ҳамагӣ се рӯзи корӣ хоҳад дошту тоҷикистониён 4 рӯз пайиҳам аз 27 то 30 июн истироҳат хоҳанд дошт.
Тоҷикистон 27 июн Рӯзи Ваҳдатро таҷлил мекунанд, ки истироҳатӣ мебошад. Инчунин таҷлили иди Қурбон дар назар аст, ки санаи дақиқи онро Шӯрои уламои Тоҷикистон баъдан мушаххас хоҳад кард.
Дар умум аз 30 рӯзи июн интизор меравад, ки тоҷикистониён бо назардошти иди Қурбон 12 рӯз истироҳат хоҳанд кард.
Тоҷикистониён 27-умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ҷашн мегиранд.
Маҳз дар ҳамин рӯз 27 сол қабл Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва марҳум Саид Абдуллои Нурӣ, роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро имзо намуданд.
Ин сана расман хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки 5 сол - аз майи соли 1992 то 27 июни соли 1997 давом кард.
Рӯзи 27 июн, бар асоси қонуни Тоҷикистон дар бораи идҳо, чун Рӯзи ваҳдати миллӣ ва яке аз идҳои давлатии муҳим эълон гардидаст.