Дар Суғд чанд кӯдак ба боғча мераванду чанд дар навбатанд – шарҳи идораи маориф

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаДетский сад в Согдийской области. Архивное фото
Детский сад в Согдийской области. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2024
Обуна шудан
Ба делели камбуди кӯдакистонҳо дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҳудуди 77%-и атфол имкони рафтан ба муассисаҳои таҳсили томактабиро надоранд
ДУШАНБЕ, 31 май – Sputnik. Дар шаҳру навоҳии Суғд ҳоло 45 ҳазор кӯдак дар боғчаҳо ба тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ин ҳамагӣ 23%-и шумори кӯдакони синни то мактабиро ташкил медиҳад.
Бино ба арзёбии Идораи маориф дар вилояти Суғд, ин омор тайи як соли охир 2% афзоиш ёфт, чун дар соли 2023 муодили 21% буд.
Ба ин тартиб, зимнан дар шимоли Тоҷикистон 236 ҳазор ва ё 73%-и атфол сабт шудаанд, ки барои рафтан ба кӯдакистонҳо дар навбат истодаанд.
Мушовири Раёсати маорифи вилояти Суғд, Сайфулло Раҳматов гуфт, ки ҳоло дар ҳудуди шаҳру навоҳии вилоят 282 адад боғчаҳо ва беш аз 600 маркази инкишофи кӯдак амал мекунанд, ки дар онҳо дар умум 45 ҳазор атфол ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудаанд.
Проект застройки города Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2023
Хуҷанд дигаргун мешавад: Симои маркази вилояти Суғд чӣ гуна тағйр меёбад – акс
"Аз ин шумор 27,7 ҳазори атфол дар кӯдакистонҳо ва 17, 3 ҳазори дигар дар марказҳои интикофи кӯдак, ки дар заминаи синфхонаҳои макотиб таъсис дода шудааст, ба тарбия фаро гирифта шудаанд", - афзуд мушовири Раёсати маориф.
Дар шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон камбуди кӯдакистонҳо яке аз мушкилии асосӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳазор кӯдак ба таҳсил дар чунин муассисаҳои қабл аз мактабӣ фаро гирифта намешаванд.
Қаблан масъулони Идораи маорифи Суғд дар шарҳи ин мушкили соҳа гуфта буданд, ки ҳамасола дар шаҳру навоҳии ин вилоят кӯдакистонҳои нав сохта ба истифода дода мешаванд. Аз ҳисоби он, ки ҳамасола тифли нав таваллуд мешавад, талабот ба кӯдакистонҳо ҳам зиёдтар мешавад.
Ҳукумати Тоҷикистон дар заминаи амалисозии барномаҳои давлатӣ азм дорад дар соли 2025, фарогирии атфол ба кӯдакистонҳоро дар кишвар ба 30% расонад.
Лентаи хабарҳо
0