https://sputnik.tj/20230929/khujand-bozsozi-simo-sugd-taghyr-aks-1059670867.html
Хуҷанд дигаргун мешавад: Симои маркази вилояти Суғд чӣ гуна тағйр меёбад – акс
Хуҷанд дигаргун мешавад: Симои маркази вилояти Суғд чӣ гуна тағйр меёбад – акс
Sputnik Тоҷикистон
Ба раиси вилояти Суғд ахиран лоиҳа-пешниҳоди силсилаи биноҳои баландошёнаи истиқоматии нав дар шаҳри Хуҷанд пешниҳод шуд 29.09.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-09-29T09:02+0500
2023-09-29T09:02+0500
2023-09-29T09:02+0500
дар тоҷикистон
суғд
хуҷанд
симо
тағйир
нақша
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1c/1059669962_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_33ca64fd659c0adce4921844a49deb57.jpg
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Дар бинои ҳукумати вилояти Суғд лоиҳа-пешниҳоди силсилаи биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд муаррифӣ шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, масъулини соҳаи сохтмон ва меъмории вилоят зимни муарифии лоиҳаи биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маълумот доданд, ки ояндаи наздик дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд метавон силсилаи баландошёнаи истиқоматиро бунёд кард.Ба иттилои мақомдорон дар биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, ки аз 18, 20 ва 22 ошёна иборат хоҳад шуд, имкони бунёди хона барои то 15 ҳазор нафар аҳолӣ мавҷуд аст.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки тибқи лоиҳа сохтмони мактабу кӯдакистонҳо низ ба нақша гирифта шуда, дар биноҳои баландошёна ҷойгирсозии таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, толору майдончаҳои варзишӣ, майдончаҳо барои бозии кӯдакон дар назар дошта шудааст.Раиси вилоят зимни шиносоӣ таъкид кард, ки лоиҳаи биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бояд дар доираи нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд омода ва дар оянда дар амал татбиқ карда шавад.
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1c/1059669962_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_dd796e67325096da1ebc920ce4d2e2ac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, суғд, хуҷанд, симо, тағйир, нақша
дар тоҷикистон, суғд, хуҷанд, симо, тағйир, нақша
Хуҷанд дигаргун мешавад: Симои маркази вилояти Суғд чӣ гуна тағйр меёбад – акс
Ба раиси вилояти Суғд ахиран лоиҳа-пешниҳоди силсилаи биноҳои баландошёнаи истиқоматии нав дар шаҳри Хуҷанд пешниҳод шуд
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Дар бинои ҳукумати вилояти Суғд лоиҳа-пешниҳоди силсилаи биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд муаррифӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, масъулини соҳаи сохтмон ва меъмории вилоят зимни муарифии лоиҳаи биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маълумот доданд, ки ояндаи наздик дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд метавон силсилаи баландошёнаи истиқоматиро бунёд кард.
Ба иттилои мақомдорон дар биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, ки аз 18, 20 ва 22 ошёна иборат хоҳад шуд, имкони бунёди хона барои то 15 ҳазор нафар аҳолӣ мавҷуд аст.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки тибқи лоиҳа сохтмони мактабу кӯдакистонҳо низ ба нақша гирифта шуда, дар биноҳои баландошёна ҷойгирсозии таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, толору майдончаҳои варзишӣ, майдончаҳо барои бозии кӯдакон дар назар дошта шудааст.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ таъкид кард, ки лоиҳаи биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бояд дар доираи нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд омода ва дар оянда дар амал татбиқ карда шавад.