https://sputnik.tj/20240531/saad-qahramon-video-vatan-1063041675.html
Вазирони дифои СААД хотири қаҳрамонҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро пос доштанд - видео
Вазирони дифои СААД хотири қаҳрамонҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро пос доштанд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Сарони вазоратҳои ҳарбӣ барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар Алмато қарор доранд
2024-05-31T13:55+0500
2024-05-31T13:55+0500
2024-05-31T14:04+0500
дар тоҷикистон
видео
амният ва мудофиа
вазир
кишвар
намояндагон
маҳдуд
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1f/1063041853_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_b3d05bb3647b1b5e5882486ad8ddf3bc.jpg
Ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви СААД, вазири мудофиаи ҷумҳурӣ, Шералӣ Мирзо роҳбарӣ мекунад. Қабл аз оғози ҳамоиш вазири дифои Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои узви СААД дар маросими гузоштани гулчанбар ба оташи абадӣ дар боғи ба номи 28 гвардиячиёну панфиловҳо дар шаҳри Алмаато ширкат кард.Сардорони ҳайатҳо баробари гузоштани гулчанбар хотираи қаҳрамонҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945-ро бо дақиқаи сукут пос доштанд. СААД хатарҳо аз Аврупои Шарқиро баррасӣ кардДарҳол пас аз маросими ёдбуд мулоқоти сарони ҳайатҳо дар доираи маҳдуд оғоз ёфт, ки ширкаткунандагони он вазирони кишварҳои узви СААД ба истиснои Арманистон, дабири кулли созмон Имангалӣ Тасмагамбетов ва сардори Ситоди муштараки СААД Андрей Сердюков буданд. Зимни вохӯрӣ роҳбарони бахшҳои дифоъ чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти низомиро дар минтақаи масъулияти Созмон баррасӣ карданд. Ҳамчунин дар ҳошияи ин нишаст як қатор мулоқотҳои дуҷониба миёни намояндагони бахшҳои низомии кишварҳои СААД баргузор шуд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1f/1063041853_53:0:1258:904_1920x0_80_0_0_4cce0a6724773000d98c5ee71405e7bb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гулчанбаргузорӣ, оташ, абадӣ, саад, вазирон
гулчанбаргузорӣ, оташ, абадӣ, саад, вазирон
Вазирони дифои СААД хотири қаҳрамонҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро пос доштанд - видео
13:55 31.05.2024 (Навсозишуда: 14:04 31.05.2024) Сарони вазоратҳои ҳарбӣ барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар Алмато қарор доранд
Ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви СААД, вазири мудофиаи ҷумҳурӣ, Шералӣ Мирзо роҳбарӣ мекунад.
Қабл аз оғози ҳамоиш вазири дифои Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои узви СААД дар маросими гузоштани гулчанбар ба оташи абадӣ дар боғи ба номи 28 гвардиячиёну панфиловҳо дар шаҳри Алмаато ширкат кард.
Сардорони ҳайатҳо баробари гузоштани гулчанбар хотираи қаҳрамонҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945-ро бо дақиқаи сукут пос доштанд.
Дарҳол пас аз маросими ёдбуд мулоқоти сарони ҳайатҳо дар доираи маҳдуд оғоз ёфт, ки ширкаткунандагони он вазирони кишварҳои узви СААД ба истиснои Арманистон, дабири кулли созмон Имангалӣ Тасмагамбетов ва сардори Ситоди муштараки СААД Андрей Сердюков буданд.
Зимни вохӯрӣ роҳбарони бахшҳои дифоъ чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти низомиро дар минтақаи масъулияти Созмон баррасӣ карданд.
Ҳамчунин дар ҳошияи ин нишаст як қатор мулоқотҳои дуҷониба миёни намояндагони бахшҳои низомии кишварҳои СААД баргузор шуд.