“Хадамоти шиноснома ва раводид”-и Русия дар Тоҷикистон боз мешавад: Чӣ суд дорад?

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкВыдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области.
Выдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2024
Обуна шудан
Эксклюзив
Минбаъд корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қонунгузорӣ, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар хизматрасониҳо барои кор дар Русия дар намояндагӣ ба роҳ монда мешавад
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Дар Душанбе намояндагии “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Русия ифтитоҳ мешавад.
Ин иқдом дар пайи дастуру супоришҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи дар сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо Русия гирифта шудааст.
Тавре аз Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, маросими ифтитоҳи намояндагӣ 28 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндагони масъули ҷониби Тоҷикистон ва вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколсев баргузор хоҳад шуд.
Первое заседание правительства РФ в новом составе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2024
Раҳбари Вазорати корҳои дохилии Русия ба Тоҷикистон меояд
“Дар маросими ифтитоҳ муовини якуми вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой, сардори Сарраёсати муҳоҷирати ВКД Русия Велентина Казакова ва директори генералии КВД “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и ВКД Русия Олег Молодиевский низ ширкат хоҳанд кард”, - гуфт манбаъ.
Таъкид мешавад, ки иқдоми мазкур дар пайи мулоқоту музокироти сарони кишварҳо барои амалӣ намудани сафари муташаккилона, фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Русия гирифта шудааст.
“Ҳадафи асосии таъсиси намояндагӣ анҷом додани як қатор чорабиниҳои омодагӣ, аз ҷумла санҷиши пеш аз сафар дар ҳудуди Тоҷикистон буда, акнун шаҳрвандони мо имкон доранд, дар дохили ҷумҳурӣ аз бақайдгирии изи ангушт ва санҷиши манъи вуруд ба ҳудуди Русия гузаранд”, - гуфт манбаъ.
Гуфта мешавад, ки минбаъд корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавриди риояи талаботи қонунгузории Русия, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар хизматрасониҳо барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Русия дар намояндагӣ ба роҳ монда мешавад.
Намояндагиро дар бинои Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнати кишвар ҷойгир кардаанд, ки гуфта мешавад, макони мусоид аст..
Вазорат мегӯяд, дар ояндаи наздик ба роҳ мондани гузаштани муоинаи тиббӣ, супоридани имтиҳонҳо, гирифтани маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз рӯйи барномаҳои Русия, ки ҳамаи ин барои гирифтани патент ва фаъолияти қонунии шаҳрвандони мо дар ҳудуди Русия заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад, ба кор медарояд.
Лентаи хабарҳо
0