https://sputnik.tj/20240529/shahrdori-dushanbe-harakati-naqliyot-1063021678.html
Эълони роҳбандии семоҳа дар бархе аз ҷодаҳои Душанбе
Эълони роҳбандии семоҳа дар бархе аз ҷодаҳои Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдори Душанбе барои андешидани чораҳои иловагӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаи Шамсии ноҳияи Сино қарор кардаст
2024-05-29T17:03+0500
2024-05-29T17:03+0500
2024-05-29T17:03+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
роҳбандӣ
баста
сохтмон
роҳ
таъмир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1e/1051045975_0:194:2953:1855_1920x0_80_0_0_a6e6548838b4cd7e9cbb08e06c34a3f4.jpg
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Шамсии ноҳияи Сино барои тақрибан се моҳ баста хоҳад шуд. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе бо нашри қарори марбутаи раиси пойтахт, Рустами Эмомалӣ хабар додаст. Манбаъ масдудияти ҳаракати нақлиёт дар ин масирро ба анҷом додани корҳои таъмирӣ дар кӯчаи Шамсӣ рабт додаст. Таъкид шудааст, ки маҳдудият аз хиёбони Бобоҷон Ғафуров то хиёбони Абӯалӣ Сино, аз 29 май то 20 августи соли равон амал хоҳад кард. Дар робита ба ин Бозрасии давлатии автомобилӣ ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе муваззаф шудаанд, ки самти ҳаракати нақлиёти автомобилиро, ки дар кӯчаи Шамсӣ аз хиёбони Ғафуров то хиёбони Сино мегузарад, ба воситаи кӯчаҳои ҳамшафат муайян намоянд.Таъкид шудаст, ки аломатҳои роҳ ва дигар лавҳаҳои иттилоотию огоҳкунанда барои ронандагони воситаҳои нақлиёт таъмин шаванд. Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои Вазорати нақлиёти вазифадор шудаст, барои танзими алоқаи мунтазами нақлиётӣ дар қитъаи роҳи иншооти мазкур, инчунин бе монеа даромадани воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ, милитсия ва хадамоти оташнишонӣ ба минтақаҳои атрофи иншооти сохташаванда чораҳои зарурӣ андешад.
https://sputnik.tj/20240221/azmi-iiao-baroi-bezarargardonii-naqliyot-baroi-iqlim-1061792961.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1e/1051045975_111:0:2842:2048_1920x0_80_0_0_777109ed6fadf646edfa6b51b2a76c04.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роҳ, баста, роҳ, кадом, чора, автомобил
роҳ, баста, роҳ, кадом, чора, автомобил
Эълони роҳбандии семоҳа дар бархе аз ҷодаҳои Душанбе
Шаҳрдори Душанбе барои андешидани чораҳои иловагӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаи Шамсии ноҳияи Сино қарор кардаст
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Шамсии ноҳияи Сино барои тақрибан се моҳ баста хоҳад шуд.
Дар ин бора шаҳрдории Душанбе бо нашри қарори марбутаи раиси пойтахт, Рустами Эмомалӣ хабар додаст.
Манбаъ масдудияти ҳаракати нақлиёт дар ин масирро ба анҷом додани корҳои таъмирӣ дар кӯчаи Шамсӣ рабт додаст.
Таъкид шудааст, ки маҳдудият аз хиёбони Бобоҷон Ғафуров то хиёбони Абӯалӣ Сино, аз 29 май то 20 августи соли равон амал хоҳад кард.
Дар робита ба ин Бозрасии давлатии автомобилӣ ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе муваззаф шудаанд, ки самти ҳаракати нақлиёти автомобилиро, ки дар кӯчаи Шамсӣ аз хиёбони Ғафуров то хиёбони Сино мегузарад, ба воситаи кӯчаҳои ҳамшафат муайян намоянд.
Таъкид шудаст, ки аломатҳои роҳ ва дигар лавҳаҳои иттилоотию огоҳкунанда барои ронандагони воситаҳои нақлиёт таъмин шаванд.
Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои Вазорати нақлиёти вазифадор шудаст, барои танзими алоқаи мунтазами нақлиётӣ дар қитъаи роҳи иншооти мазкур, инчунин бе монеа даромадани воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ, милитсия ва хадамоти оташнишонӣ ба минтақаҳои атрофи иншооти сохташаванда чораҳои зарурӣ андешад.