https://sputnik.tj/20240528/hushdor-boron-sel-rad-barq-tojikiston-1063008213.html
Ҳушдори дигарбора аз борону селу раъду барқ дар Тоҷикистон
Ҳушдори дигарбора аз борону селу раъду барқ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Ҳавосанҷони ҷумҳурӣ огоҳ месозанд, ки дар аксар манотиқи кишвар тайи ин рӯзҳо сар задани раъду барқу борон аз эҳтимол дур нест
2024-05-28T16:04+0500
2024-05-28T16:04+0500
2024-05-28T16:04+0500
дар тоҷикистон
агентии ҳавосанҷӣ
огоҳӣ аз хатар
селфароӣ
борон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/04/1056182566_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_4882d86291c32191c6e2f0268f403aa7.jpg
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Давоми ду рӯзи оянда дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад.Дар ин бора Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад,Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 29-30 май дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии ҷумҳурӣ ба истисно аз шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои хусусияти маҳаллидошта дар назар аст. Рӯзи 29 май дар дарёҳои Зарафшон, Обихингоб, Сурхоб, Вахш, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда (Варзоб, Лучоб, Харангон, Ромит, Элок) баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.Ин ниҳод таъкид мекунад, ки дар аксар манотиқи кишвар тайи ин рӯзҳо раҳду барқу борон аз эҳтимол дур нест.Дар ҳамин ҳол, Кумита бо мақсади пешгирии садамаҳои марбут ба оқибатҳои эҳтимолии шароити обу ҳаво аз идораҳои мутасаддӣ ва аҳолӣ дархост намуд, ки ҷиҳати пешгирии оқибатҳои омадани сел каналҳо, селроҳаҳо, ҷӯйборҳоро тоза кунанд.Илова бар ин, аз шаҳрвандон дархост шуд, ки дар фарзандони худро беназорат нагузоранд ва аз рафтани онҳо ба моҳидорӣ, чорвочаронӣ, чидани гиёҳҳои шифобахш пешгирӣ кунанд.Дар ин рӯзҳо ҳамчунин сайру саёҳат дар мавзеъҳои кӯҳӣ тавсия дода намешавад.Ёдовар мешавем, ки авоили моҳи май боронгариҳо ва омадани сел дар Тоҷикистон дар пайи қурбониҳо дошт.
https://sputnik.tj/20240527/gharq-sel-halokat-noboligh-beehtiyot-tojikiston-1062984756.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/04/1056182566_0:0:1537:1153_1920x0_80_0_0_fb6696ead8d2baf9b7a097ac4617ff80.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор борон сел раъд барқ тоҷикистон
ҳушдор борон сел раъд барқ тоҷикистон
Ҳушдори дигарбора аз борону селу раъду барқ дар Тоҷикистон
Ҳавосанҷони ҷумҳурӣ огоҳ месозанд, ки дар аксар манотиқи кишвар тайи ин рӯзҳо сар задани раъду барқу борон аз эҳтимол дур нест
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Давоми ду рӯзи оянда дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад.
Дар ин бора Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад,
Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 29-30 май дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии ҷумҳурӣ ба истисно аз шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои хусусияти маҳаллидошта дар назар аст.
Рӯзи 29 май дар дарёҳои Зарафшон, Обихингоб, Сурхоб, Вахш, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда (Варзоб, Лучоб, Харангон, Ромит, Элок) баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.
Ин ниҳод таъкид мекунад, ки дар аксар манотиқи кишвар тайи ин рӯзҳо раҳду барқу борон аз эҳтимол дур нест.
Дар ҳамин ҳол, Кумита бо мақсади пешгирии садамаҳои марбут ба оқибатҳои эҳтимолии шароити обу ҳаво аз идораҳои мутасаддӣ ва аҳолӣ дархост намуд, ки ҷиҳати пешгирии оқибатҳои омадани сел каналҳо, селроҳаҳо, ҷӯйборҳоро тоза кунанд.
Илова бар ин, аз шаҳрвандон дархост шуд, ки дар фарзандони худро беназорат нагузоранд ва аз рафтани онҳо ба моҳидорӣ, чорвочаронӣ, чидани гиёҳҳои шифобахш пешгирӣ кунанд.
Дар ин рӯзҳо ҳамчунин сайру саёҳат дар мавзеъҳои кӯҳӣ тавсия дода намешавад.
Ёдовар мешавем, ки авоили моҳи май боронгариҳо ва омадани сел дар Тоҷикистон дар пайи қурбониҳо дошт.