https://sputnik.tj/20240528/dushanbe-marzbonon-sadho-manzil-mesozand-1063001508.html
Дар Душанбе барои марзбонон садҳо манзил месозанд
Дар Душанбе барои марзбонон садҳо манзил месозанд
Sputnik Тоҷикистон
Зимни боздид аз маркази таълими ва суҳбат бо сарбозон, президент масъулинро вазифадор намудааст, ки ба сифати хӯроки сарбозон ва ғизонокии он диққат диҳанд
2024-05-28T09:42+0500
2024-05-28T09:42+0500
2024-05-28T11:59+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
сарраёсати қушунҳои сарҳадии кдам
манзил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1c/1063001649_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_0e911654cd08996569e49973f548c785.jpg
ДУШАНБЕ, 28 мая — Sputnik. Дар Душанбе барои афсарони қушунҳои сарҳадӣ манзил бунёд мешавад. Санги асоси биноҳоро президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни боздидаш аз маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ба муносибати 30-юмин солгарди ин таъсиси ин сохтор гузошт. Котиботи раисҷумҳур мегӯяд, дар панҷ бинои 16-ошёна иборат аз 840 манзил бунёд хоҳад шуд.Гуфта мешавад, ки биноҳо ҳар кадоме шакли муосир дошта, ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта хоҳанд шуд."Аз рӯйи нақша, дар ин биноҳо барои зисту фароғати хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ ва оилаҳояшон тамоми шароит фароҳам оварда мешавад",- афзудааст манбаъ.Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат масъулинро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ вазифадор намуда, таъкид доштанд, ки ин биноҳо бояд ба таври замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозӣ сохта шаванд.Дар маркази мазкур кишвардор ҳамзамон бинои наву замонавии 4 ошёна иборат аз ошхона ва хобгоҳи сарбозонро боз кард.Гуфта мешавад, ки бинои навбунёд барои омода намудани мутахассисони хурди сарҳадӣ нигаронида шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.Зимни боздид президент масъулинро вазифадор намудааст, ки ба сифати хӯроки сарбозон ва ғизонокии он диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
https://sputnik.tj/20240527/rahmton-muboriza-terrorizm-mavod-mukhaddir-1062994695.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1c/1063001649_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_6a2e2a2ce81d8bb01b1623210987c64d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе марзбонон садҳо манзил
душанбе марзбонон садҳо манзил
Дар Душанбе барои марзбонон садҳо манзил месозанд
09:42 28.05.2024 (Навсозишуда: 11:59 28.05.2024) Зимни боздид аз маркази таълимӣ ва сӯҳбат бо сарбозон, президент масъулинро вазифадор намудааст, ки ба сифати хӯроки сарбозон ва ғизонокии он диққат диҳанд
ДУШАНБЕ, 28 мая — Sputnik. Дар Душанбе барои афсарони қушунҳои сарҳадӣ манзил бунёд мешавад.
Санги асоси биноҳоро президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни боздидаш аз маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ба муносибати 30-юмин солгарди ин таъсиси ин сохтор гузошт.
Котиботи раисҷумҳур мегӯяд, дар панҷ бинои 16-ошёна иборат аз 840 манзил бунёд хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ки биноҳо ҳар кадоме шакли муосир дошта, ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта хоҳанд шуд.
"Аз рӯйи нақша, дар ин биноҳо барои зисту фароғати хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ ва оилаҳояшон тамоми шароит фароҳам оварда мешавад",- афзудааст манбаъ.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат масъулинро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ вазифадор намуда, таъкид доштанд, ки ин биноҳо бояд ба таври замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозӣ сохта шаванд.
Дар маркази мазкур кишвардор ҳамзамон бинои наву замонавии 4 ошёна иборат аз ошхона ва хобгоҳи сарбозонро боз кард.
Гуфта мешавад, ки бинои навбунёд барои омода намудани мутахассисони хурди сарҳадӣ нигаронида шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Зимни боздид президент масъулинро вазифадор намудааст, ки ба сифати хӯроки сарбозон ва ғизонокии он диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.