https://sputnik.tj/20240527/rahmton-muboriza-terrorizm-mavod-mukhaddir-1062994695.html
Дар сафи пешем: Раҳмон аз сӣ соли мубориза бо терроризму маводи мухаддир гуфт
Дар сафи пешем: Раҳмон аз сӣ соли мубориза бо терроризму маводи мухаддир гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Президент изҳори боварӣ намуд, ки марзбонон минбаъд низ содиқ ба савганди ҳарбӣ ва масъулият дар назди давлату миллат сарҳадро дифоъ мекунанд
2024-05-27T16:31+0500
2024-05-27T16:31+0500
2024-05-27T17:27+0500
дар тоҷикистон
нерӯҳои марзбонӣ
эмомалӣ раҳмон
паёми табрикот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1b/1062995774_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_2f1cc57f8f6e888306a716ae4f3e9738.jpg
ДУШАНБЕ, 28 май – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон марзбонони кишварро бо иди касбияшон табрик намуда, онҳоро ба ҳушёриву хидмати содиқона даъват кард.Аз таъсиси нерӯҳои марзбонии кишвар, ки дар ҳайати КДАМ аст, 30 сол пур мешавад.Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, президент дар паёмаш марзбононро сипари боэътимоди марзу бум ва кафили истиқлолу озодии давлату миллат хондааст.Ба гуфтаи раисҷумҳур сарҳадбонони кишвар дар давраҳои бисёр ҳассоси таърихи давлат ва халқи тоҷик рисолати худро содиқона иҷро намуданд ва ба эътимоду эҳтироми мардуми Тоҷикистон сазовор гардиданд.Ӯ боназардошти вазъи мураккаби минтақа ва ҷаҳон таъкид кардааст, ки ин ҳолат тақозо менамояд, ки ҳар як сарбозу афсари Қӯшунҳои сарҳадӣ барои ҳимояи марз беш аз ҳар вақти дигар ҳушёру зирак ва омода бошад.Президент изҳори боварӣ намуд, ки марзбонон минбаъд низ бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ, интизоми намунавӣ, садоқат ба савганди ҳарбӣ ва масъулият дар назди давлат, сарзамин ва ҷомеаи кишвар содиқона сарҳадро дифоъ мекунанд.Ба иттилои котиботи кишвардор, Раҳмон дар дидоре бо афсарони фаъол барои хизматҳояшон рутбаҳои болотар додааст.Нерӯҳои марзбони Тоҷикистон санаи 28 майи соли 1994 таъсис шуда, имрӯз аз 30-умин солгарди он таҷлил мешавад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1b/1062995774_0:0:1820:1365_1920x0_80_0_0_b307834df9a6e6ca831bdcc91760b047.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмтон мубориза терроризм маводи мухаддир
раҳмтон мубориза терроризм маводи мухаддир
Дар сафи пешем: Раҳмон аз сӣ соли мубориза бо терроризму маводи мухаддир гуфт
16:31 27.05.2024 (Навсозишуда: 17:27 27.05.2024) Президент изҳори боварӣ намуд, ки марзбонон минбаъд низ содиқ ба савганди ҳарбӣ ва масъулият дар назди давлату миллат сарҳадро дифоъ мекунанд
ДУШАНБЕ, 28 май – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон марзбонони кишварро бо иди касбияшон табрик намуда, онҳоро ба ҳушёриву хидмати содиқона даъват кард.
Аз таъсиси нерӯҳои марзбонии кишвар, ки дар ҳайати КДАМ аст, 30 сол пур мешавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, президент дар паёмаш марзбононро сипари боэътимоди марзу бум ва кафили истиқлолу озодии давлату миллат хондааст.
Ба гуфтаи раисҷумҳур сарҳадбонони кишвар дар давраҳои бисёр ҳассоси таърихи давлат ва халқи тоҷик рисолати худро содиқона иҷро намуданд ва ба эътимоду эҳтироми мардуми Тоҷикистон сазовор гардиданд.
"Тоҷикистон беш аз се даҳсола дар сафи пеши мубориза бо хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳу маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қарор дорад ва дар пешгирӣ кардани паҳншавии ин хатару таҳдидҳо ба минтақа ва ҷаҳон нақши калидӣ мебозад,-” таъкид кард Раҳмон.
Ӯ боназардошти вазъи мураккаби минтақа ва ҷаҳон таъкид кардааст, ки ин ҳолат тақозо менамояд, ки ҳар як сарбозу афсари Қӯшунҳои сарҳадӣ барои ҳимояи марз беш аз ҳар вақти дигар ҳушёру зирак ва омода бошад.
Президент изҳори боварӣ намуд, ки марзбонон минбаъд низ бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ, интизоми намунавӣ, садоқат ба савганди ҳарбӣ ва масъулият дар назди давлат, сарзамин ва ҷомеаи кишвар содиқона сарҳадро дифоъ мекунанд.
Ба иттилои котиботи кишвардор, Раҳмон дар дидоре бо афсарони фаъол барои хизматҳояшон рутбаҳои болотар додааст.
Нерӯҳои марзбони Тоҷикистон санаи 28 майи соли 1994 таъсис шуда, имрӯз аз 30-умин солгарди он таҷлил мешавад.