Раҳбари Вазорати корҳои дохилии Русия ба Тоҷикистон меояд
11:56 27.05.2024 (Навсозишуда: 11:59 27.05.2024)
© Sputnik / Григорий Сысоев
/ Обуна шудан
Ҳайати Вазорати корҳои дохилии Русия таҳти раёсати Владимир Колоколтсев рӯзи 27 май барои дидорҳо бо мақомдорони тоҷик вориди Душанбе хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев аз Душанбе дидан мекунад.
Котиби матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Нусратулло Маҳмадзода хабари мулоқоти вазири корҳои дохилии Русия бо ҳамтои тоҷики худ Рамазон Раҳимзодаро ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ кард.
"Ҳайати Русия рӯзи 27 май вориди Душанбе мешавад ва рӯзи дигар – 28 май – нишасти муштараки ҷонибҳо дар бинои ҳукумати Тоҷикистон дар Душанбе баргузор мешавад. Дар ҷаласа масъулони вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия низ ширкат хоҳанд кард", - гуфт Маҳмадзода.
Намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ироаи маълумоти муфассал дар бораи сафар худдорӣ кард, зеро эҳтимоли тағйирот дар барнома вуҷуд дорад.
Сафари вазири корҳои дохилӣ ба Тоҷикистон пас аз як ҳамлаи пурсарусадои террористӣ дар толори консертии Крокус дар Красногорски вилояти Маскав сурат мегирад, ки моҳи март рух дод.
Рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.
Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.
Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.
Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд.
Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд. Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд.
Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд. Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд.
Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд. Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд.
Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст.
Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ ҷинояткорон ба самти Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо як "долон"-и вижа омода карда шуда буд.
Вай таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбад.