https://sputnik.tj/20240526/sobun-doru-makaron-khatlon-talabot-tamin-1062980792.html
Аз собун то дорую макарон: Хатлон талаботашро чӣ қадар таъмин мекунад?
Аз собун то дорую макарон: Хатлон талаботашро чӣ қадар таъмин мекунад?
Sputnik Тоҷикистон
Бо вуҷуди имкониятҳои зиёд тавлиди маҳсулоти худӣ дар Хатлон дар сатҳи баланд нест ва ба маблағи миллионҳо доллар коло аз хориҷ ворид мешавад
2024-05-26T14:55+0500
2024-05-26T14:55+0500
2024-05-26T14:55+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
маҳсулот
саноат
истеҳсол
хатлон
тавлидот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101610/42/1016104241_0:0:1545:869_1920x0_80_0_0_52c41d40eaf5ab32cfa97345c4d2e1b3.jpg
ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Хатлон талаботашро ба бисёре аз маҳсулоти ниёзи аввал, аз дору то собуну макарону ғайра аз ҳисоби воридот таъмин мекунад. Тибқи иттилои расмӣ, талабот ба собун дар вилоят 14 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, вале соли 2023 дар вилоят ҳамагӣ 16 тонна истеҳсол шудааст, ки талаботро умуман қонеъ намегардонад.Ҳамзамон бо ин, талаботи бозори истеъмоли вилоят ба маҳсулоти ҳасибӣ беш аз 3 ҳазор тоннаро ташкил дода, соли 2023 дар вилоят ҳамагӣ 567 тонна ин намуди маҳсулот истеҳсол шудааст, ки 19%-и талабот мебошад.Талабот ба равғани растанӣ 42 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, вале дар соли 2023 истеҳсоли он дар вилоят ба 16,5 ҳазор тонна расидааст, ки ҳамагӣ 39%-и талабот аст. Ниёзи вилоят ба нуриҳои минералӣ дар як сол беш аз 110 ҳазор тонна аст, ки соли гузашта 36,5 ҳазор тонна нурӣ истеҳсол шудааст, ки 33%-и талаботро ташкил медиҳад. Соли пеш ба ҳудуди гумрукии вилоят ба маблағи қариб 110 миллион сомонӣ 22 ҳазор тонна нурии минералӣ ворид карда шудааст.Талаботи бозори истеъмоли вилоят ба гӯшти мурғ тақрибан 20 ҳазор тоннаро ташкил дода, дар соли 2023 ин намуди маҳсулот дар вилоят 15 ҳазор тонна истеҳсол шудааст, ки 76 фоизи талаботро қонеъ мегардонад.Нёзи вилоят ба маводи доруворӣ тақрибан 400 млн сомониро ташкил дода, соли 2023 дар вилоят ин намуди маҳсулот ҳамагӣ ба маблағи 12 млн сомонӣ истеҳсол шудааст. Бо зикри ин омор, раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки тавлидоти худӣ дар минтақа таҳким бахшида шавад.
https://sputnik.tj/20240526/kamtar-dahyaki-qarzhoi-bonki-tojikiston-sanoat-ravona-1062979910.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101610/42/1016104241_108:0:1267:869_1920x0_80_0_0_8062137c461bd76b54be5654f1a4b50e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маҳсулот, истеҳсол, худӣ, хориҷӣ, таъкид, хатлон
маҳсулот, истеҳсол, худӣ, хориҷӣ, таъкид, хатлон
Аз собун то дорую макарон: Хатлон талаботашро чӣ қадар таъмин мекунад?
Бо вуҷуди имкониятҳои зиёд тавлиди маҳсулоти худӣ дар Хатлон дар сатҳи баланд нест ва ба маблағи миллионҳо доллар коло аз хориҷ ворид мешавад
ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Хатлон талаботашро ба бисёре аз маҳсулоти ниёзи аввал, аз дору то собуну макарону ғайра аз ҳисоби воридот таъмин мекунад.
Тибқи иттилои расмӣ, талабот ба собун дар вилоят 14 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, вале соли 2023 дар вилоят ҳамагӣ 16 тонна истеҳсол шудааст, ки талаботро умуман қонеъ намегардонад.
Ҳамзамон бо ин, талаботи бозори истеъмоли вилоят ба маҳсулоти ҳасибӣ беш аз 3 ҳазор тоннаро ташкил дода, соли 2023 дар вилоят ҳамагӣ 567 тонна ин намуди маҳсулот истеҳсол шудааст, ки 19%-и талабот мебошад.
Талабот ба равғани растанӣ 42 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, вале дар соли 2023 истеҳсоли он дар вилоят ба 16,5 ҳазор тонна расидааст, ки ҳамагӣ 39%-и талабот аст.
Ниёзи вилоят ба нуриҳои минералӣ дар як сол беш аз 110 ҳазор тонна аст, ки соли гузашта 36,5 ҳазор тонна нурӣ истеҳсол шудааст, ки 33%-и талаботро ташкил медиҳад. Соли пеш ба ҳудуди гумрукии вилоят ба маблағи қариб 110 миллион сомонӣ 22 ҳазор тонна нурии минералӣ ворид карда шудааст.
Талаботи бозори истеъмоли вилоят ба гӯшти мурғ тақрибан 20 ҳазор тоннаро ташкил дода, дар соли 2023 ин намуди маҳсулот дар вилоят 15 ҳазор тонна истеҳсол шудааст, ки 76 фоизи талаботро қонеъ мегардонад.
Нёзи вилоят ба маводи доруворӣ тақрибан 400 млн сомониро ташкил дода, соли 2023 дар вилоят ин намуди маҳсулот ҳамагӣ ба маблағи 12 млн сомонӣ истеҳсол шудааст.
Бо зикри ин омор, раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки тавлидоти худӣ дар минтақа таҳким бахшида шавад.