Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Русия минтақаи дигари Харковро озод кард

© Sputnik / Konstantin Mihalchevskiy / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащие ВС РФ в автомобиле колонны военной техники в Армянске
Военнослужащие ВС РФ в автомобиле колонны военной техники в Армянске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2024
Обуна шудан
Минтақаҳои нав зимни амалиёти вижаи низомӣ дар Харков озод карда шуданд. Вазорати мудофиа танҳо ҳафтаи равон аз зери назорат гирифтани 5 минтақа хабар доданд
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Нерӯҳои Русия рустои Берестовое дар вилояти Харковро зери назорат гирифтанд, хабар медиҳад Вазорати дифои кишвар.
"Воҳидҳои гурӯҳи нерӯҳои "Ғарб" дар натиҷаи амалиёти бомуваффақияти ҷангӣ деҳаи Берестовоеи вилояти Харковро озод карданд", - гуфта мешавад дар хабар.
Илова бар ин, гурӯҳи "Ғарб" дар минтақаи Стелмаховка бригадаи 77-уми авиамобилии нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро шикаст дод.
Артиши Украина дар он ҷо ҳудуди 285 кушта ва захмӣ, ду мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, ду мошин, гаубитсаҳои амрикоии М198 ва М119, гаубитсаҳои Д-20 ва Д-30-ро талаф дод.
Берестовое панҷумин маҳалест, ки нирӯҳои Русия дар ин ҳафта зери назорат гирифтанд.
Вазорати мудофиа 20 май дар бораи озод кардани Белогоровка, 22 май — Клешеевка дар чанубу ғарбии Артемовск, рузи дигар — Андреевка ва 25 май дар бораи Архангелск хабар дод.
Разведчики группировки Север разминируют дороги на харьковском направлении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Бесарнишинҳои Русия минаҳои гузоштаи нерӯҳои Украинаро тоза карданд - видео
Артиши Русия дар ҳоли ҳозир қасди тасарруфи Харковро надорад, гуфт раисҷумҳур Владимир Путин. Вай таъкид кард, ки нирӯҳои Русия пешрафт мекунанд ва ҳамарӯза ба таври қатъӣ тибқи нақша ҳаракат доранд.
Дар шарҳи ҳаводиси Харков, ки нерӯҳои Русия ба пешрафт даст ёфтаанд, Путин гуфт, нерӯҳои Украина маркази шаҳр, маҳаллаҳои истиқоматиро ҳадафи оташкушоӣ қарор медиҳанд.
"Ман ошкоро гуфтам, ки агар ин идома ёбад, мо маҷбур мешавем, ки минтақаи амниятӣ - минтақаи санитарӣ бунёд кунем", - изҳор дошт ӯ.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0