Харитаи минтақаҳои хатарноки Тоҷикистон таҳия мешавад

© Саҳифаи "Телевизиони Тоҷикистон" дар шабакаҳои иҷтимоӣ Пайомадҳои сели харобиовар дар Панҷакент
Пайомадҳои сели харобиовар дар Панҷакент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2024
Обуна шудан
Таҳияи Атласи равандҳои экзогениву геологии Тоҷикистон ба Саридораи геологияи ҷумҳурӣ супориш дода шуда, таъкид шудаст, ки он бояд ба ҳукумати пешниҳод гардад
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Огоҳсозии пешакии аҳолӣ аз хатарҳои эҳтимолии экологӣ ва пешгирӣ намудани оқибатҳои чунин ҳолатҳо дар Тоҷикистон бояд тақвият дода шавад.
Ин дастурро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корияш ба вилояти Хатлон баён доштаст.
Ӯ гуфт, бо сабаби номусоид омадани обу ҳаво, аз ҷумла боришоти зиёд, омадани сел, фаромадани тарма ва ярч ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ ва пешгирӣ кардани оқибати офатҳои табиӣ 10-уми майи соли ҷорӣ ба сарвазири мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастурҳои мушаххас дода шуда буданд.
Пайомадҳои сели харобиовар дар Панҷакент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2024
Сел роҳи Сангвор-Дарвозро баст
"Бо вуҷуди ин, дар даҳаи дуюми моҳи май дар натиҷаи боридани боронҳои шадид дар баъзе минтақаҳо омадани сел, обхезӣ ва сангрезиш рух дода, дар баробари расонидани зарари иқтисодӣ талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шуд", - изҳор дошт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати пурра бартараф кардани оқибати офатҳои табиӣ ва расонидани кумаки зарурӣ ба зарардидагон тамоми чораҳои заруриро амалӣ намоянд.
Инчунин, якҷо бо кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҳамкориро дар самти огоҳсозии пешакии аҳолӣ аз хатарҳои эҳтимолии экологӣ ва пешгирӣ намудани оқибатҳои чунин ҳолатҳо тақвият бахшанд, таъкид кард вай.
Моҳи равон Тоҷикистонро боришоту селхезиҳо фаро гирифтанд, ки баробари хисороти зиёди моддӣ талафоти ҷонӣ низ барҷой гузоштанд.
Лентаи хабарҳо
0