https://sputnik.tj/20240524/sel-roh-sangvor-darvoz-bast-1062963415.html
Сел роҳи Сангвор-Дарвозро баст
Сел роҳи Сангвор-Дарвозро баст
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло роҳ барои мошинҳои боркаш масдуд буда, корҳои бартарафсозии оқибати офати табиӣ идома доранд 24.05.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-05-24T13:22+0500
2024-05-24T13:22+0500
2024-05-24T17:37+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
сел
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/15/1041055495_0:1:883:497_1920x0_80_0_0_488bffca5883ac6bbfcdd048e617f765.jpg
ДУШАНБЕ, 24 мая — Sputnik. Дар километри 43 -юми шоҳроҳи Сангвор-Дарвоз сел фаромад, ки дар натиҷа роҳ барои ҳаракати нақлиёт масдуд шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар дод. Бар хабари манбаъ, дар роҳи Лабиҷар-Сангвор ҳоло роҳ барои мошинҳои боркаш баста аст.Зикр гардид, ки бар асари офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст ва ҳоло поксозии роҳ аз сӯи ниҳодҳои дахлдор идома дорад.Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандону меҳмонони Тоҷикистонро огоҳонида буд, ки аз 24 то 27 май дар кишвар боронгарӣ сурат мегирад.Ҳамчунин вазиши шамоли сахт, жола ва дар ВМКБ дар баландии беш аз 3000 метр боридани барф дар назар аст.Кумита тавзеҳ дод, ки боронгариҳо метавонанд селу обхезӣ ва сангрезиро ба бор оранд. Аз ин рӯ даъват шуд, ки бидуни зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ набояд ба сафар баромад ва ҳамчунин аз чидани гиёҳу алаф, чарондани чорво, моҳидорӣ бояд худдорӣ кард.
https://sputnik.tj/20240522/nurobod-khona-sel-zarar-did-1062926026.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/15/1041055495_109:0:772:497_1920x0_80_0_0_8039428d469e6bb849b03ba0af634b95.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, сел, нақлиёт
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, сел, нақлиёт
Сел роҳи Сангвор-Дарвозро баст
13:22 24.05.2024 (Навсозишуда: 17:37 24.05.2024) Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло роҳ барои мошинҳои боркаш масдуд буда, корҳои бартарафсозии оқибати офати табиӣ идома доранд
ДУШАНБЕ, 24 мая — Sputnik. Дар километри 43 -юми шоҳроҳи Сангвор-Дарвоз сел фаромад, ки дар натиҷа роҳ барои ҳаракати нақлиёт масдуд шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар дод. Бар хабари манбаъ, дар роҳи Лабиҷар-Сангвор ҳоло роҳ барои мошинҳои боркаш баста аст.
Зикр гардид, ки бар асари офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст ва ҳоло поксозии роҳ аз сӯи ниҳодҳои дахлдор идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандону меҳмонони Тоҷикистонро огоҳонида буд, ки аз 24 то 27 май дар кишвар боронгарӣ сурат мегирад.
Ҳамчунин вазиши шамоли сахт, жола ва дар ВМКБ дар баландии беш аз 3000 метр боридани барф дар назар аст.
Кумита тавзеҳ дод, ки боронгариҳо метавонанд селу обхезӣ ва сангрезиро ба бор оранд. Аз ин рӯ даъват шуд, ки бидуни зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ набояд ба сафар баромад ва ҳамчунин аз чидани гиёҳу алаф, чарондани чорво, моҳидорӣ бояд худдорӣ кард.