https://sputnik.tj/20240525/sadho-omuzgoru-talaba-dars-nest-sanjishi-tojikiston-1062972152.html
Садҳо омӯзгору даҳҳо ҳазор талаба дар дарс нест: санҷиши ногаҳонӣ дар макотиби Тоҷикистон
Садҳо омӯзгору даҳҳо ҳазор талаба дар дарс нест: санҷиши ногаҳонӣ дар макотиби Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Зимни санҷиши ногаҳонии мақомоти тоҷик раванди таълиму тарбия ва дар дарсҳо ҳозир будани омӯзгорону хонандагон мавриди омӯзиш қарор дода шудааст 25.05.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-05-25T11:44+0500
2024-05-25T11:44+0500
2024-05-25T11:44+0500
дар тоҷикистон
маориф
санҷиш
таҳсил
дониш
талабагон
мактаб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1a/1056695242_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_776c8e0634b1f4194117d23e0dff700e.jpg
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Натиҷаҳои санҷиши ногаҳонӣ, ки аз ҷониби мақомоти дахлдор дар асоси нақшаи муштарак рӯзи 17-уми майи соли ҷорӣ дар наздики 3,6 ҳазор мактаби миёна гузаронда шуд, эълон гардид. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни эълони натиҷаҳои ин санҷиш дар мулоқот бо фаъолони Хатлон гуфт, дар вилоят 1333 муассисаи таҳсилоти миёна санҷида шуда, маълум гардид, ки 39 ҳазор хонандагон дар дарсҳо бе ягон сабаб иштирок надоранд.Ҳамчунин, 12 ҳазор хонанда бе воситаҳои таълимӣ, яъне китобу дафтар ва дигар ашёи хониш, қариб 12 ҳазор хонанда бо либосҳои ғайримактабӣ ба дарс омадааст, изҳор дошт раисҷумҳур. Ба гуфтаи раисҷумҳур, ҳоло дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон 811 омӯзгор, аз ҷумла 415 муаллими фанҳои дақиқ ва 396 муаллими фанҳои гуманитарӣ намерасад.Айнан чунин ҳолат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт ошкор шудааст, гуфт президент. Эмомалӣ Раҳмон аз вазири маориф ва илм, роҳбарони вилоятҳо, аз ҷумла вилояти Хатлон ва ҳамаи шаҳру ноҳияҳо қатъиян талаб кард, ки барои бартараф кардани ҳолати зикршуда чораҳои фаврӣ андешанд ва аз натиҷааш дар муҳлати ду ҳафта ба ҳукумати ҳисобот диҳанд.
https://sputnik.tj/20240524/tojikiston-dovtalabon-donishgoh-1062965807.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1a/1056695242_336:0:3067:2048_1920x0_80_0_0_15080731cd2b2454ea67f726c938cfcc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, маориф, санҷиш, таҳсил, дониш, талабагон, мактаб
дар тоҷикистон, маориф, санҷиш, таҳсил, дониш, талабагон, мактаб
Садҳо омӯзгору даҳҳо ҳазор талаба дар дарс нест: санҷиши ногаҳонӣ дар макотиби Тоҷикистон
Зимни санҷиши ногаҳонии мақомоти тоҷик раванди таълиму тарбия ва дар дарсҳо ҳозир будани омӯзгорону хонандагон мавриди омӯзиш қарор дода шудааст
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Натиҷаҳои санҷиши ногаҳонӣ, ки аз ҷониби мақомоти дахлдор дар асоси нақшаи муштарак рӯзи 17-уми майи соли ҷорӣ дар наздики 3,6 ҳазор мактаби миёна гузаронда шуд, эълон гардид.
Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни эълони натиҷаҳои ин санҷиш дар мулоқот бо фаъолони Хатлон гуфт, дар вилоят 1333 муассисаи таҳсилоти миёна санҷида шуда, маълум гардид, ки 39 ҳазор хонандагон дар дарсҳо бе ягон сабаб иштирок надоранд.
Ҳамчунин, 12 ҳазор хонанда бе воситаҳои таълимӣ, яъне китобу дафтар ва дигар ашёи хониш, қариб 12 ҳазор хонанда бо либосҳои ғайримактабӣ ба дарс омадааст, изҳор дошт раисҷумҳур.
"Аз шумораи умумии омӯзгорон 810 нафар дар машғулиятҳо бесабаб ҳузур надоштанд, 617 омӯзгор бидуни омодагӣ ва 744 омӯзгор бо намуди зоҳирии номуносиб ба муассисаҳои таълимӣ ҳозир шудаанд", - изҳор дошт Раҳмон.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, ҳоло дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон 811 омӯзгор, аз ҷумла 415 муаллими фанҳои дақиқ ва 396 муаллими фанҳои гуманитарӣ намерасад.
Айнан чунин ҳолат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт ошкор шудааст, гуфт президент.
Эмомалӣ Раҳмон аз вазири маориф ва илм, роҳбарони вилоятҳо, аз ҷумла вилояти Хатлон ва ҳамаи шаҳру ноҳияҳо қатъиян талаб кард, ки барои бартараф кардани ҳолати зикршуда чораҳои фаврӣ андешанд ва аз натиҷааш дар муҳлати ду ҳафта ба ҳукумати ҳисобот диҳанд.