Дар Тоҷикистон даври аввали сабти номи довталабони дохилшавӣ ба донишгоҳҳо баргузор шуд

© SputnikВступительные экзамены для абитуриентов в Таджикистане
Вступительные экзамены для абитуриентов в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2024
Обуна шудан
Маркази миллии тестӣ соли 2014 ба фаъолият шурӯъ кард ва аз он замон то имрӯз довталабон танҳо бо супоридани имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба донишгоҳҳо қабул карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон теъдоди довталабон афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз Маркази миллии тестӣ иттилоъ доданд
Гуфта мешавад, дар ҷумҳурӣ даври аввали сабти ном барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои кишвар баргузор шуд.
"Теъдоди довталабон дар соли 2024 аз 95 ҳазор нафар гузашт, ки нисбат ба соли гузашта 8,3 ҳазор нафар зиёд аст", - иброз дошт котиби матбуотии Маркази миллии тестӣ Замира Абдусаломзода.
Тибқи иттилои ба ӯ пешниҳодшуда, дар Марказ дар марҳилаи аввал беш аз 78 ҳазор нафар хатмкунандагони синфи 11 ба қайд гирифта шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 4,4 ҳазор нафар зиёд аст. Аз рӯи натиҷагирии синфи 9 дар ин давра бештар 17 хазор нафар довталабон ба кайд гирифта шудаанд, ки ин назар ба соли гузашта кариб 4 хазор нафар зиёд аст.
Тибқи нақша, соли 2024 давраи бақайдгирӣ аз 4 марҳила иборат хоҳад буд.
Давраи якум, инчунин асосӣ, аввал аз 1 март то 30 апрел ба нақша гирифта шуда буд. Аммо ба далели зиёд будани довталабон то 2 май тамдид карда шуд.
Вступительные экзамены для абитуриентов в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2024
Вазорати маориф далели "маҷбуркунӣ"-и хатмкунандаҳо барои ҳуҷҷатсупорӣ ба ММТ -ро шарҳ дод
Давраи дуюм аз 10 то 30 июн, даври сеюм аз 2 то 15 сентябр ва марҳилаи чоруми бақайдгирӣ аз 29 октябр то 7 декабр идома хоҳад кард.
Ҳамин тариқ, довталабон акнун метавонанд то 7 декабри соли ҷорӣ донишҷӯ шаванд.
Ёдовар мешавем, ки Маркази миллии тестӣ соли 2014 ба фаъолият шурӯъ карда, аз он замон то имрӯз довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар танҳо бо супоридани имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ қабул мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0