https://sputnik.tj/20240525/rusiya-tojikiston-hamlu-naql-muzokirot-1062975791.html
Русия бо Тоҷикистон дар бораи ҳамлу нақл музокирот хоҳад кард
Русия бо Тоҷикистон дар бораи ҳамлу нақл музокирот хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Музокирот марбути ташкили низоми содагардонидашудааи амалиёти гумрукӣ зимни ҳамлу нақли коло ва воситаҳои нақлиёт миёни Тоҷикистон ва Русия мебошад
2024-05-25T16:30+0500
2024-05-25T16:30+0500
2024-05-25T16:30+0500
дар русия
иқтисод
савдо
дар тоҷикистон
ғизо
ҳамлу нақл
гумрук
музокирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102256/35/1022563500_0:0:1200:675_1920x0_80_0_0_a1cfc40f529cee0597196c777b1bf667.jpg
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Ҳукумати Русия гузарондани музокироти байни хадамоти гумруки ФР ва Тоҷикистонро дар бораи ташкили долони соддакардашудаи гумрукӣ ҷонибдорӣ кард. Қарор дар ин бора дар пойгоҳи расмии санадҳои ҳуқуқии Русия нашр шудааст, иттилоъ дод РИА "Новости". Дар санад таъкид шудааст, ки пешниҳоди баргузории музокирот бо Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати молия дар мувофиқа бо мақомоти гумруку корҳои хориҷӣ ироа гардидаст. "Пешниҳоди Вазорати молияи Русия, ки бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва Хадамоти федеролии гумруки Русия мувофиқа шудааст, оид ба гуфтушунид оид ба созишномаи байни Хадамоти федералии гумрук ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад", - омадааст дар санад. Музокирот марбути ташкили низоми содагардонидашудааи амалиёти гумрукӣ зимни ҳамлу нақли коло ва воситаҳои нақлиёт миёни Тоҷикистон ва Русия мебошад, омадааст дар матлаб. Маврид ба зикр аст, ки Русия калонтарин шарики тиҷории Тоҷикистон мебошад. Соле гардиши коло миёни Русия ва Тоҷикистон афзуда, аз 1,7 млрд доллар бештар шуд. Қаблан намояндагии тиҷоратии Русия дар Душанбе гуфта буд, ки ФР аз Тоҷикистон маҳсулоти ғизоӣ ва ашёи хоми кишоварзӣ, маҳсулоти кимиёвӣ, пахтаву нахи онро харидорӣ мекунад. Русия ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти нафтӣ, ғизо, чӯбу тахта ва ғайра содир мекунад.
https://sputnik.tj/20240521/sodiroti-mevai-tar-sughd-rusiya-1062912026.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102256/35/1022563500_130:0:1030:675_1920x0_80_0_0_27faef0748951dbd36014463d8706b11.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе, маскав, музокирот, гардиш, тоҷикистон
душанбе, маскав, музокирот, гардиш, тоҷикистон
Русия бо Тоҷикистон дар бораи ҳамлу нақл музокирот хоҳад кард
Музокирот марбути ташкили низоми содагардонидашудааи амалиёти гумрукӣ зимни ҳамлу нақли коло ва воситаҳои нақлиёт миёни Тоҷикистон ва Русия мебошад
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Ҳукумати Русия гузарондани музокироти байни хадамоти гумруки ФР ва Тоҷикистонро дар бораи ташкили долони соддакардашудаи гумрукӣ ҷонибдорӣ кард.
Қарор дар ин бора дар пойгоҳи расмии санадҳои ҳуқуқии Русия нашр шудааст, иттилоъ дод РИА "Новости".
Дар санад таъкид шудааст, ки пешниҳоди баргузории музокирот бо Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати молия дар мувофиқа бо мақомоти гумруку корҳои хориҷӣ ироа гардидаст.
"Пешниҳоди Вазорати молияи Русия, ки бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва Хадамоти федеролии гумруки Русия мувофиқа шудааст, оид ба гуфтушунид оид ба созишномаи байни Хадамоти федералии гумрук ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад", - омадааст дар санад.
Музокирот марбути ташкили низоми содагардонидашудааи амалиёти гумрукӣ зимни ҳамлу нақли коло ва воситаҳои нақлиёт миёни Тоҷикистон ва Русия мебошад, омадааст дар матлаб.
Маврид ба зикр аст, ки Русия калонтарин шарики тиҷории Тоҷикистон мебошад. Соле гардиши коло миёни Русия ва Тоҷикистон афзуда, аз 1,7 млрд доллар бештар шуд.
Қаблан намояндагии тиҷоратии Русия дар Душанбе гуфта буд, ки ФР аз Тоҷикистон маҳсулоти ғизоӣ ва ашёи хоми кишоварзӣ, маҳсулоти кимиёвӣ, пахтаву нахи онро харидорӣ мекунад. Русия ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти нафтӣ, ғизо, чӯбу тахта ва ғайра содир мекунад.