https://sputnik.tj/20240525/muloqot-raison-isfarav-bodkand-masoili-marzi-1062977513.html
Аз истифодаи об то пешгирии муноқишаҳо: Мулоқоти раисони Исфараву Бодканд дар марз
Аз истифодаи об то пешгирии муноқишаҳо: Мулоқоти раисони Исфараву Бодканд дар марз
Sputnik Тоҷикистон
Ҷонибҳо истифодаи об дар наҳрҳои байнимарзӣ, истифодаи чарогоҳҳо, риояи санадҳои ҳуқуқӣ ва пешгирӣ аз рухдоди муноқишаҳоро баррасӣ кардаанд
2024-05-25T18:52+0500
2024-05-25T18:52+0500
2024-05-25T18:52+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
мулоқот
қирғизистон
исфара
бодканд
сарҳад
хат
мушкил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103143/23/1031432378_0:34:1000:597_1920x0_80_0_0_55135979dfc7c299ec899eb78225116b.jpg
ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва раиси ноҳияи Бодканд Учқунбек Ҷоробоев, дар марз вохурӣ анҷом доданд. Зимни баргузории мулоқоти раисони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон, намояндагони сохторҳои қудратӣ, сардорони идораҳои хоҷагии об ва роҳбарони дахлдори Исфара ва Бодканд ҳузур доштаанд, иттилоъ доданд аз ҳукумати Исфара ба Sputnik Тоҷикистон. Вохӯрӣ дар гузаргоҳи наздимарзии “Гулистон”-и Исфара, ҳаммарз бо гузаргоҳи сарҳадии “Қизилбел”- и ноҳияи Бодканд доир шуд, гуфт котиби матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара Зубайдулло Шомадов. Мулоқоти раисони наздимарзӣ дар фазои сулҳу дӯстии байниҳамдигарӣ доир шуда дар кори он намояндагони сохторҳои қудратӣ, сардорони идораҳои хоҷагии об ва роҳбарони дахлдори ҳарду ноҳия ҳузур доштанд. Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои 19 - 25 майи соли ҷорӣ ҷаласаи дуҷониба гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор гардид.Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба густариши муайянсозии хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда табодули назар кардаанд. Қарор аст, ҷаласаи навбатии кори комиссияи байнидавлатӣ дар қаламрави Тоҷикистон баргузор шуда, дар кори он муайянсозии минтақаҳои боқимонда сарҳад идома хоҳад кард. Қаблан вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки давоми соли ҷорӣ зиёда аз 197 километр ҳудудҳои мушкил тасвиб шуда, 10% боқӣ мондааст, ки ин аз 97 то 103 километри хати сарҳадро ташкил медиҳад. Ба ин тартиб пурра муайянкуни хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар маҷмӯъ, хатти сарҳади ду кишвар тақрибан 987 километрро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20240512/muzokiroti-balandpoya-maskav-dushanbe-malum-1062821314.html
қирғизистон
исфара
бодканд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103143/23/1031432378_58:0:946:666_1920x0_80_0_0_656cb4bc22e3227a0d7c0e88d9e0c40f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
музокирот, мақомот, тоҷикистон, муноқиша, марзӣ
музокирот, мақомот, тоҷикистон, муноқиша, марзӣ
Аз истифодаи об то пешгирии муноқишаҳо: Мулоқоти раисони Исфараву Бодканд дар марз
Ҷонибҳо истифодаи об дар наҳрҳои байнимарзӣ, истифодаи чарогоҳҳо, риояи санадҳои ҳуқуқӣ ва пешгирӣ аз рухдоди муноқишаҳоро баррасӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва раиси ноҳияи Бодканд Учқунбек Ҷоробоев, дар марз вохурӣ анҷом доданд.
Зимни баргузории мулоқоти раисони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон, намояндагони сохторҳои қудратӣ, сардорони идораҳои хоҷагии об ва роҳбарони дахлдори Исфара ва Бодканд ҳузур доштаанд, иттилоъ доданд аз ҳукумати Исфара ба Sputnik Тоҷикистон.
Вохӯрӣ дар гузаргоҳи наздимарзии “Гулистон”-и Исфара, ҳаммарз бо гузаргоҳи сарҳадии “Қизилбел”- и ноҳияи Бодканд доир шуд, гуфт котиби матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара Зубайдулло Шомадов.
“Ҷонибҳо масъалаҳои марзӣ аз ҷумла, истифодаи об дар наҳрҳои байнимарзӣ, истифода чарогоҳҳо, риояи санадҳои ҳуқуқӣ ва пешгирӣ аз рухдоди муноқишаҳоро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд” - афзуд ӯ.
Мулоқоти раисони наздимарзӣ дар фазои сулҳу дӯстии байниҳамдигарӣ доир шуда дар кори он намояндагони сохторҳои қудратӣ, сардорони идораҳои хоҷагии об ва роҳбарони дахлдори ҳарду ноҳия ҳузур доштанд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои 19 - 25 майи соли ҷорӣ ҷаласаи дуҷониба гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба густариши муайянсозии хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда табодули назар кардаанд.
Қарор аст, ҷаласаи навбатии кори комиссияи байнидавлатӣ дар қаламрави Тоҷикистон баргузор шуда, дар кори он муайянсозии минтақаҳои боқимонда сарҳад идома хоҳад кард.
Қаблан вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки давоми соли ҷорӣ зиёда аз 197 километр ҳудудҳои мушкил тасвиб шуда, 10% боқӣ мондааст, ки ин аз 97 то 103 километри хати сарҳадро ташкил медиҳад.
Ба ин тартиб пурра муайянкуни хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар маҷмӯъ, хатти сарҳади ду кишвар тақрибан 987 километрро ташкил медиҳад.