https://sputnik.tj/20240512/muzokiroti-balandpoya-maskav-dushanbe-malum-1062821314.html
Санаи музокироти ҳайати баландпояи Маскаву Душанбе маълум шуд
Санаи музокироти ҳайати баландпояи Маскаву Душанбе маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Русия, Владимир Путин бо ҳамтои тоҷикаш, Эмомалӣ Раҳмон барои баргузории музокироти ҳайати баландпоя дар масоили муҳоҷират созиш кардан буданд
2024-05-12T15:12+0500
2024-05-12T15:12+0500
2024-05-12T15:12+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
мулоқот
баланд
русия
хатар
музокирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1d/1059691497_0:53:470:317_1920x0_80_0_0_c8654adbcf8417d208d11a5871233c0e.jpg
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Мулоқоти мақомоти бахши муҳоҷирати Тоҷикистону Русия, ки қаблан барои он дастур шуда буд, охири моҳи май баргузор мешавад. Мулоқоти дуҷонибаи роҳбарияти мақомоти марбутаи муҳоҷирати Тоҷикистон бо Федератсияи Русия дар ҳошияи ҷаласаи 18-уми Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Ба иттилои мақомоти тоҷик, ҳамоиши байналмилалии мазкур бо иштироки мақомдорони баландпояи бахши муҳоҷират 28 май дар назар аст.Созиш дар ин бора зимни мулоқоти президенти Русия, Владимир Путин бо ҳамтои тоҷикаш, Эмомалӣ Раҳмон ҳосил шудааст, иттилоъ дода буд дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.Танзими раванди муҳоҷирати корӣ ва муқовимати муштарак ба хатару таҳдидҳо дар соҳаи амният, бахусус терроризм, ифротгароӣ, тундгароии динӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот буд, гуфт дафтари матбуоти президент.Дар мулоқоти бисёрҷонибаи бахши муҳоҷират дар Душанбе, намояндагон аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Русия, Кумитаи иҷроияи ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба ширкат хоҳанд дошт.
https://sputnik.tj/20240509/rahmon-mardum-tojikiston-hamla-terroristi-krokus-mahkum-1062807825.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1d/1059691497_0:23:493:393_1920x0_80_0_0_e6844fa0ab4d714b790daa6dde616a44.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
музокирот, мулоқот, душанбе, маскав, муҳоҷират, ҳайат
музокирот, мулоқот, душанбе, маскав, муҳоҷират, ҳайат
Санаи музокироти ҳайати баландпояи Маскаву Душанбе маълум шуд
Президенти Русия, Владимир Путин бо ҳамтои тоҷикаш, Эмомалӣ Раҳмон барои баргузории музокироти ҳайати баландпоя дар масоили муҳоҷират созиш кардан буданд
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Мулоқоти мақомоти бахши муҳоҷирати Тоҷикистону Русия, ки қаблан барои он дастур шуда буд, охири моҳи май баргузор мешавад.
Мулоқоти дуҷонибаи роҳбарияти мақомоти марбутаи муҳоҷирати Тоҷикистон бо Федератсияи Русия дар ҳошияи ҷаласаи 18-уми Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
Ба иттилои мақомоти тоҷик, ҳамоиши байналмилалии мазкур бо иштироки мақомдорони баландпояи бахши муҳоҷират 28 май дар назар аст.
Созиш дар ин бора зимни мулоқоти президенти Русия, Владимир Путин бо ҳамтои тоҷикаш, Эмомалӣ Раҳмон ҳосил шудааст, иттилоъ дода буд дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.
Танзими раванди муҳоҷирати корӣ ва муқовимати муштарак ба хатару таҳдидҳо дар соҳаи амният, бахусус терроризм, ифротгароӣ, тундгароии динӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот буд, гуфт дафтари матбуоти президент.
Дар мулоқоти бисёрҷонибаи бахши муҳоҷират дар Душанбе, намояндагон аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Русия, Кумитаи иҷроияи ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба ширкат хоҳанд дошт.