Вазорати дифоъ: нақшаи даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон пурра иҷро гардид
10:42 24.05.2024 (Навсозишуда: 13:41 24.05.2024)
© Котиботи матбуотии ҳукумати шаҳри ИсфараПризывники в армию в Исфаринском районе РТ
© Котиботи матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара
Обуна шудан
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз анҷоми даъвати баҳории наваскарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар хабар дода, афзуд, ки нақша пеш аз муҳлат иҷро гардид
ДУШАНБЕ, 24 мая — Sputnik. Нақшаи даъвати баҳории ҷавоно ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар пеш аз муҳлат ба анҷом расид.
Дар ин бора дафтари Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод.
"Аз 1-уми апрел то 22-юми майи соли 2024 нахуст ВМКБ, баъдан чаҳор навоҳии шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд оид ба иҷрои 100 фоизаи нақшаи даъвати ҷавонписарон ба артиш гузориш доданд", - омадааст дар хабари вазорат.
Ба таъкиди манбаъ, ҳарчанд нақша пеш аз муҳлат 100% иҷро шуда бошад ҳам, кори комиссияиҳои даъватӣ то охири моҳи май идома меёбад.
Вазорат даъвати имсолаи баҳории ҷавоно ба хизмати ҳарбиро хуб арзёбӣ намуда, зикр кард, ки бинобар кори хуби масъулон ва мақомотҳои марбута дар самти чорабиниҳои даъватӣ ва гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ монеаву мушкилот ба миён наомад.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон усули даъват ба хидмати сарбозӣ тағйир ёфтааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар авоили соли 2021, пас аз ризоияти парлумон Қонун "Дар бораи уҳдадории умумии низомӣ" дар таҳрири навро имзо кард, ки бар асоси он, ҷавонон акнун метавонанд пас аз пардохти маблағи муайян аз хидмати дусолаи низомӣ озод шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон дар авоили соли 2021, пас аз ризоияти парлумон Қонун "Дар бораи уҳдадории умумии низомӣ" дар таҳрири навро имзо кард, ки бар асоси он, ҷавонон акнун метавонанд пас аз пардохти маблағи муайян аз хидмати дусолаи низомӣ озод шаванд.
Маблағе, ки барои озод шудан аз хидмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, соли 2024 ҳудуди 52 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад, ки нисбат ба як соли қаблӣ 3 ҳазор сомонӣ боло рафтааст.
Болоравии ҳаққи хизмати пулакӣ дар ҳайати сафарбаркунӣ бо зиёд шудани ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо рабт дорад, ки аз аввали соли равон 4 сомонӣ зиёд шуда, ба 72 сомонӣ баробар гардид.
Ҳамчунин, тибқи қонуни нав, хатмкунандагони донишгоҳҳо ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, онҳо бояд як сол дар артиш хидмат кунанд.